Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетМулоқоти Раҳмон бо вазири дифоъи Покистон

Мулоқоти Раҳмон бо вазири дифоъи Покистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 15 декабр дар Исломобод бо Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири дифои Покистон мулоқот кард.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳур, дар мулоқот роҷеъ ба натоиҷи ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар бахшҳои амният ва дифоъ табодули назар сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон нақши муҳими Покистонро дар ҳалли мушкилоти таъмини сулҳу субот, мубориза бо хатару таҳдидҳои муосир қадрдонӣ намуда, ба ҳамкориҳои ҷонибҳо дар бахшҳои амнияту дифоъ низ таваҷҷуҳи доимӣ медиҳад.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аҳамияти таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи амнияти ду кишварро, ки асоси онро мубориза бо зуҳуроти терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ, маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ташкил медиҳад, таъкид намуданд.

Дар мулоқот масъалаҳои муҳими марбут ба вазъи сиёсӣ, низомӣ ва иҷтимоии Афғонистон баррасӣ шуданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?