Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи ташкили шабакаи алоқаи моҳвораӣ ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути моҳвораи KazSat-3 ба мувофиқа расиданд
Ширкати “Маркази ҷумҳуриявии алоқаи кайҳонӣ”-и Қазоқистон бо ширкати тоҷикистонии “Нет Солюшенс” созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд/
Ба иттилои хабаргузории “Казинформ” созишномаро директори генералии ширкати “Нет Солюшенс” Бахтовар Абдусатторов ва муовини раиси ширкати “Маркази ҷумҳуриявии алоқаи кайҳон” Василий Леонов ба имзо расониданд.
Таъкид шудааст, ки ширкати қазоқистонӣ омода аст то соли 2023 иқтидори транспондерии киштии кайҳонии KazSat-3-ро, ки дар мавқеи мадори 58,5 дараҷаи тӯли шарқӣ ҷойгир аст, пешниҳод намояд.
Хабар дода шудааст, ки системаи алоқаи моҳвораии “Kazsat” омода аст, ки на танҳо дар қаламрави Қазоқистон, балки дар қаламрави давлатҳои ҳамсоя низ хизмати алоқаи кайҳонӣ расонад.
Гуфтанист, Қазоқистон дорои системаи миллии моҳвораии алоқа ва радиошунавонии “Kazsat” мебошад, ки аз ду моҳвораи алоқа ва маҷмааи идоракунии рӯизаминии “Аккол” ва “Коктерек” иборат аст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

