Душанбе ва Исломобод барои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои энержӣ ва нақлиёт, аз ҷумла барои дастрасии Тоҷикистон ба бандарҳои Карочӣ ва Гвадари Покистон омодагӣ мебинанд. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, пас аз мулоқот бо нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф изҳор дошта гуфт, барои Тоҷикистон масири тавассути Покистон кӯтоҳтар ва қулайтар ба бозорҳои байналмилалӣ нисбати масири шимолӣ тавассути Узбакистон, Қазоқистон ва Русия аст.
Гуфтанист, кӯтоҳтарин масири Тоҷикистон ба баҳр тавассути Афғонистон ба Покистон мегузарад. Аз Душанбе то бандари Карочӣ ё бандари Гвадар тақрибан 2720 километр ва то бандари Бандар Аббоси Эрон дар гулӯгоҳи Ҳурмуз 3400 километр аст. Тоҷикистонро аз Покистон танҳо долони Вахон, як хати танги қаламрав дар Афғонистон ҷудо мекунад. Дар ҳоли таъмини суботу амният дар Афғонистон, метавонад Покистон ба як маркази нақлиётии кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил ёбад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

