Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетАлишер Мирзонабот муовини Рустами Эмомалӣ шуд

Алишер Мирзонабот муовини Рустами Эмомалӣ шуд

Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба ҳайси узви нави Маҷлиси миллии Тоҷикистон интихоб гардида, ба номи халқ савганд ёд кард. Ҳамзамон Алишер Мирзонабот бо раъйи аъзои Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба мақоми муовини Рустами Эмомалӣ, раиси палатаи болоии парлумони кишвар интихоб шуд.

Генерал Мирзонабот дар ин мақом Ёдгор Файзов, собиқ узви Маҷлиси миллӣ аз ВМКБ ва ҳамзамон раиси ин вилоятро иваз намуд. Алишер Мирзонабот дар саркӯбиҳои эътироҳоти Бадахшон нақши мустақим дошт ва сокинони ин вилояти худмухтор ӯро шарики қатли дастаҷамъии сокинони осоишта аз тарафи режим медонанд.

Ба ттилои дафтари матбуотии Маҷлиси миллӣ  Мирзонабот дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи узви Маҷлиси миллӣ аз ҳавзаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 бо гирифтани аксари овози вакилони интихобкунанда баранда шудааст.

Гуфта мешавад, тибқи муқаррарот узви тозаинтихоби Маҷлиси миллӣ, Мирзонабот Алишер ба халқи Тоҷикистон савганд ёд кард.

Пештар ваколатҳои Ёдгор Файзов пеш аз муҳлат қатъ гардиданд. Дар пайи барканорӣ аз вазифаи раиси ВМКБ, Файзов аз мақоми муовини раиси Маҷлиси миллӣ низ бозхонд шуда буд.

Интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ бавосита, аз ҷониби вакилони маҳаллӣ амалӣ карда мешавад. Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро президенти Тоҷикистон таъйин мекунад. Дар маҷмуъ қонунгузорӣ шумораи аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳуриро 33 нафар муқаррар кардааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?