Узбекистон Тоҷикистонро ба даҳгонаи шарикони тиҷорӣ ворид кардааст, ки аз ин кишвар моли бештар мехаранд.
Бино ба иттило Агентии омори Ӯзбекистон, тайи 11 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон аз Узбекистон бар ивази 463 млн доллар молу коло харидааст. Русия, Чин ва Туркия сегонаи харидорони пешсафанд, ки Ӯзбекистон ба онҳо 6 миллиарду 600 миллион доллар содирот доштааст.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистону Узбекистон аз афзоиши додугирифти мол миёни ду кишвар тайи солҳои охир гузориш медиҳанд.
Аз ҷумла қаблан иттилоъ дода шуд, ки агар дар соли 2018 гардиши савдои молу маҳсулот миёни ду кишвар 287 млн доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2019 ба 362 млн доллар расид. Дар соли 2020 ба 334 млн доллар ва соли 2021 ба 448 млн доллар баробар гардидааст.
Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ ба иттилои мақомоти тоҷик дар соли гузашта наздики 130 млн доллари ИМА ё 28% ба содирот ва 318 млн доллар ё 72% ба воридоти молу маҳсулот рост меояд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

