Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетИттиҳоди Аврупо мехоҳад дасти Русияро дар кишварҳои Осиёи марказӣ кутоҳ кунад

Иттиҳоди Аврупо мехоҳад дасти Русияро дар кишварҳои Осиёи марказӣ кутоҳ кунад

Ҳама самтҳои ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба рафъи вобастагии ғайримустақим аз Федератсияи Русия нигаронида шудаанд. Дар ин бора сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Узбакистон Шарлотта Адриан рӯзи 16 декабр дар мулоқот бо рӯзноманигорон доштааст.

Адриан қайд карда, ки ин самтҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ, масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои об ва самаранокии соҳаи энержӣ, инчунин рақамикунониро дар бар мегиранд.

Самти дигаре, ки Иттиҳодияи Аврупо онро дастгирӣ ва ҳимоят мекунад, ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ будааст.

Сафир ҳамчунин ёдовар шуд, ки Иттиҳодияи Аврупо кишварҳои Осиёи Марказиро дар талоши озодии интихоби шарикон дастгирӣ мекунад. 

Дар ин бора Ҷозеп Боррел, намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ низ қаблан гуфта буд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?