Sunday, March 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМаҷлиси Миллӣ ҳам ба додани сабукиҳо ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ «розӣ шуд»

Маҷлиси Миллӣ ҳам ба додани сабукиҳо ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ «розӣ шуд»

Маҷлиси миллии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози ҷумҳуриро ба тасвиб расонд.

Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон аз сабукиҳое ҳимоят кард, ки ҳадафашон беҳбуди хизматрасониҳо, зиёд намудани парвозҳои ҳавопаймоҳои одамкашон ва поин бурдани нархи чипта арзёбӣ мешавад

Раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ дар бахши иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон, тавзеҳ дод, ки бар асоси ин тағйирот минбаъд даромадҳои ғайрирезидент аз лизинги ҳавопаймою чархбол, муҳаррикҳо, агрегатҳои асосӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо барои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ аз пардохти андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ озод мешаванд.

Инчунин воридоти ҳавопаймою чархболҳо, сӯзишворӣ, моддаҳои кимиёвӣ, равғанҳои молиданӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод мешаванд.

Хизматрасониҳои лизинги амалиётии ғайрирезидент ба ширкати ватании ҳавопаймоӣ вобаста ба киштиҳои ҳавоӣ, муҳаррикҳо, агрегатҳои асосӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо низ аз андоз аз арзиши иловашуда озод гардиданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular