Wednesday, March 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРаҳмон ба Санкт-Петербург сафар мекунад

Раҳмон ба Санкт-Петербург сафар мекунад

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки рӯзҳои 26-27 декабр дар Санкт-Петербург доир мегардад, иштирок мекунад. 

Дар ин бора хабаргузории “Азия-Плюс” бо истинод аз хадамоти матбуотии раисҷумҳур хабар дод.

Ба иттилоъи  манбаъ ҳоло маълум нест, ки киҳо Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунанду оё вохӯриҳои дуҷониба бо сарони дигар кишварҳо дар назар ҳаст ё не.

Гуфта мешавад, ҳоло дар робита ба ин сафар нақшаи муайяне таҳия нашудааст.

Вохӯрии сарони кишварҳои узви ИДМ бо ташаббуси раисҷумҳури Русия Владимир Путин баргузор мешавад. 

Иттиҳоди Давлатҳои мустақил соли 1991 таъсис ёфта, ба ҳайати он 9 кишвар, Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Беларус, Арманистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Ӯзбекистон шомил ҳастанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular