Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетҚурби рубл босуръат поин меравад

Қурби рубл босуръат поин меравад

Қурби рубли русӣ шурӯъ аз рӯзи душанбе, 19 декабр бо суръат поин меравад. Барои имрӯз Бонки марказии Русия арзиши долларо 69  ва евроро 73,34 рубл муқаррар кардааст. Дирӯз бегоҳ қурди доллар дар сатҳи 67,41 рубл таваққуф карда буд.

Бонки миллии Тоҷикистон қурби рубли русиро барои имрӯз 0,1475 сомонӣ таъин кардааст. Ҳафтаи гузашта рубли русӣ ҳудуи 0,162 сомонӣ мубодила мешуд.

Сабаби поинравии қурби рублро коршиносон дар таъини сақфи қимат барои нафту гази Русия медонанд. Дирӯз Иттиҳодияи Авпрупо барои таъини сақфи нархи гази русӣ ба тавофуқ расид. Тибқи ин тавофуқ дар бурсҳо қимати гази русӣ наметавонад аз 180 евро бештар таъин шавад.

Қаблан сақфи қимат ба нафти Русия ҳам дар сатҳи 60 доллар муқаррар шуда буд. 

Ҳамчунин афзоиши воридоти Русия баъди коҳиши босуръат дар натиҷаи таҳримҳо, талаботи бештар ба асъор дар охири сол, афзоиши ҳазинаи ҷанг дар Украина ва чанд омили дигарро коршиносон сабаби беқурбшавии рубл медонанд. 

Сатҳи зиндагии аксари шаҳрвандони Тоҷикистон ба қурби рубл сахт бастагӣ дорад, чун бештари хонаводаҳо аз ҳисоби пулҳои интиқолдиҳандаи муҳоҷирони корӣ хароҷоти зиндагиашонро таъмин мекунанд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?