Monday, March 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБоз ду шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанги Укроин кушта шудаанд

Боз ду шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанги Укроин кушта шудаанд

Дар вилояти Хатлон дар даҳ рӯзи охир ҷасади ду нафареро дафн карданд, ки ба гуфтаи пайвандону дӯстонашон «дар Русия зиндонӣ буданд, аммо ногаҳон дар Украина пайдову ҳангоми даргирӣ кушта шуданд». Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Ҷасади Бобоазиз Тӯйдиеви 22-соларо рӯзи 12-уми декабр аз Русия ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳаш, ноҳияи Ёвон, ба хок супурданд. Манучеҳр Шодови 28-соларо дар ноҳияи Кушониён гӯронданд.

Наздиконаш мегӯянд, Бобоазиз Тӯйдиев моҳи сентябри соли 2021 ба иттиҳоми нигоҳдории маводи мухаддир дар Русия дастгир ва шаш сол аз озодӣ маҳрум шуда буд.

Ҳокимшо Шодов, падари Манучеҳр Шодов, рӯзи 21-уми декабр барои чӣ зиндонӣ шудани писарашро нагуфт, аммо афзуд, «ба ҷанг бурданашро пинҳон доштанд. Чизе гуфта наметавонам, даъво ҳам надорам, писарамро куштанд.» Дӯстонаш мегӯянд, ӯ дар як зиндони шаҳри Санкт-Петербург буд.

Бар асоси омори ду сол пеш дар боздоштгоҳу зиндонҳои Русия ҳудуди 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро нигоҳ медоранд. Бино ба баъзе гузоришҳо, яке аз ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ҳамла дар тамрингоҳи Белгород гумонбар аст, то рафтан ба артиш дар зиндони вилояти Брянск будааст. Аз ӯ Меҳроб Раҳмонов ном мебаранд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular