Муфаттишони ФСБ-и Русия Фирӯз Дадобоев, зодаи Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро доштааст дар хиёнат ба ватан муттаҳам карданд.
Ба гузориши ТАСС бо истинод ба мақомоти интизомӣ, Фируз Дадобоев дар боздоштгоҳи муваққатии Лефортово қарор дорад.
Ҷузъиёти парвандаи ҷиноӣ, ки то ҳол дар маводи он танҳо Дадобоев мавҷуд аст, ифшо нашудааст.
Дафтари матбуоти Додгоҳи Лефортовои Маскав рӯзи чаҳоршанбе ба хабаргузории ТАСС иттилоъ дар бораи боздошти Дадобоевро таъйид карда мушаххас кард, ки муҳлати ҳабси ӯ ду моҳи дигар тамдид шудааст.
Бо ҳалномаи суди ноҳияи Лефортовскийи шаҳри Маскав аз 20 декабри соли 2022 ҳабси Дадобоев Фирӯз Темирбоевич бо иттиҳоми «хиёнат ба давлат» ҳамчун чораи пешгири ба ду моҳи дигар, яъне то 26 феврали соли 2023 тамдид карда шудааст. Гуфта мешавад, боқимондаи маълумот дар бораи Дадобоев сирри тафтишот аст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

