Friday, March 20, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЭмомалӣ Раҳмон иддао кард сатҳи камбизоатӣ то 22,5% поин омадааст

Эмомалӣ Раҳмон иддао кард сатҳи камбизоатӣ то 22,5% поин омадааст

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳоло паёми солонаашро ба парлумон ироа мекунад, иддао кард сатҳи камбизоатӣ дар кишвар дар 5 сол охир то 22,5 дарсад поин омадааст.

«Дар 5 соли охир музди меҳнат 1,5 маротиба ва нафақа 1,3 баробар зиёд шуд. Сатҳи камбизоатӣ дар 5 сол аз 27,4 % то 22,5 % коҳиш ёфт», — гуфт Раҳмон.

Ин дар ҳолест, ки бинобар набудани ҷои кор даҳҳо ҳазор хонавода ба Русия кӯч бастаанд ва шумори гирандагони шаҳрвандии ин кишвар аз ҳисоби тоҷикон ҳар сол афзоиш меёбад. Тибқи охирин Вазорати дохилаи Русия дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ наздики 120 000 тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд. 

Ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт то озири соли ҷорӣ ба ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар кӯмаки якдафъаина расонда мешавад. Ӯ ҳамчунин таъкид кард «дар таърихи Тоҷикистон ин маротибаи якум аст».

Ба гуфтаи президент, 475 ҳазор эҳтиёҷмандон, аз ҷумла, кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандаҳои нафақаи иҷтимоӣ дар ҳаҷми 600 сомонӣ кӯмаки якдафъаина дарёфт мекунанд.

Ба гуфтаи раисҷумҳур барои ин кӯмакпулӣ 275 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Дар ҳамин ҳол манбаъи онро зикр накард.

Тоҷикистон солона аз созмонҳои молии ҷаҳонӣ садҳо миллион кӯмак дарёфт мекунад, аммо қисми асосии ин кӯмакҳо аз тарафи мансабдорон, аз ҷумла хонаводаи худи Эмомалӣ раҳмон дуздида мешаванд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular