Monday, March 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЭрон аз омодагии Арабистон барои гуфтугӯ миёни ду кишвар хабар дод

Эрон аз омодагии Арабистон барои гуфтугӯ миёни ду кишвар хабар дод

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломӣ мегӯяд, ки Арабистон барои идомаи гуфтугӯ бо Эрон эъломи омодагӣ кардааст. Қарор буд даври шашуми музокирот миёни Эрон ва Арабистон моҳи июл баргузор шавад аммо ин музокирот то кунун анҷом нашудааст. 

Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷа дар давлати Иброҳим Раисӣ, рӯзи чаҳоршанбе 21декабр дар твитте ба забони арабӣ навишт, ки дар конфронси Бағдод-2 дар Урдун, “вазири умури хориҷаи Арабистон аз омодагии кишвараш барои идомаи гуфтугӯ бо Эрон” хабар додааст. 

Ӯ афзуда, ки илова бар вазири умури хориҷаи Арабистон, ҳамчунин бо дигар ҳамтоёни худ аз Уммон, Қатар, Ироқ ва Кувейт низ дидор ва гуфтугӯ кардааст. 

Ин дувумин изҳори назари расмии Амир Абдуллоҳиён дар бораи бозсозии равобити Теҳрон ва Риёз дар рӯзҳои ахир аст. 

Ӯ рӯзи душанбе 19 декабр низ гуфта буд, ки Эрон омодааст то равобити ин кишвар бо Арабистон “ба ҳолати одӣ” бозгардад. 

Амир Абдуллоҳиён ҳамчунин аз идомаи гуфтугӯ миёни ду кишвар хабар дода ва дар айни ҳол гуфта буд: “ин тарафи саудӣ аст, ки бояд тасмим бигирад, ки чи гуна рӯйкарди созандаеро дар баробари Эрон думбол кунад.” 

Муносиботи дипломатики Эрон ва Арабистон шаш сол қабл ва пас аз ҳамла ба сафорат ва консулгарии Арабистон дар Теҳрон ва Машҳад, қатъ шуд. Ин ҳамла дар вокуниш ба эъдоми шайх Нимр Боқир Ан-Нимр, рӯҳонии шиа тавассути ҳукумати Арабистони саудӣ сурат гирифт. 

Музокироти рӯ дар рӯ миёни ҳайатҳое аз Эрон ва Арабистон аз баҳори 2021 дар Бағдод оғоз шуд. Ироқ, ки муносиботи ҳасанае бо Арабистон ва Эрон дорад нақши миёнҷиро дар гуфтугӯҳои байни ин ду кишвари рақиб дар минтақа бозӣ кардааст. 

Қарор буд даври шашуми музокирот миёни ду кишвар охири июл баргузор шавад, аммо он гуна, ки бархе аз гузоришҳо ва манобеъи дипломатик мегӯянд, ин давр аз музокирот ибтидо ба далели боло гирифтани танишҳои сиёсӣ дар Ироқ ва сипас ба хотири оғози эътирозҳои густурдаи зиддиҳукуматӣ дар Эрон ба таъхир афтод ва ҳанӯз баргузор нашудааст. 

Баландупастиҳои равобити Теҳрон ва Риёз

Эрон ва Арабистон аз ибтидои истиқрори Ҷумҳурии Исломӣ дар Эрон пайваста дар ҳоли кашмакаш бар сари лидерии минтақаӣ дар ҷаҳони ислом ва низ низоъҳои ниёбатӣ дар кишварҳои арабӣ будаанд. Баргузории ҳаҷ ва парвандаи ҳастаии Эрон низ аз мавориди муноқишаангез дар муносиботи ду кишвар будааст, ки гоҳу ногоҳ ба таниш ё қатъи робита кашидааст. 

Равобити Теҳрон ва Риёз дар солҳои ахир низ таҳаввулоти пуршитобе ба худ дидааст. Аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо, сафари Бенямин Нитаняҳу, нахуствазири вақти Исроил ба Риёз буд. Нитанёҳу декабри 2021 ба ҳамроҳи Юси Коҳн, раиси Созмони Моссад ба Арабистон рафт ва бо шуморе аз мақомоти олирутбаи ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард. 

Бархе аз коршиносон ин сафарро яке аз муҳиммтарин гомҳо барои оддисозии равобити Исроил бо кишварҳои арабӣ дар минтақа ва ҳамчунин шаклгирии навъи “эътилоф” алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ донистанд. 

Аз он замон гузоришҳое дар хусуси паёмҳо ва талошҳои пинҳонии Эрон барои бозсозии равобит бо Арабистон ва ҷилавгирӣ аз шаклгирии ин эътилоф мунташир шудааст. Мақомҳои Эрон аммо ин гузоришҳоро рад мекунанд. 

Арабистон ҳамчунин дар мавриди парвандаҳои мутафовите монанди эҳёи Барҷом ва сиёсатҳои Теҳрон дар Яман ва кишварҳои минтақа низ хоҳони ақабнишинӣ ва таҷдиди назарҳое дар рӯйкардҳои Ҷумҳурии исломӣ аст. 

Дар пайи ҷонбохтани Маҳсо Аминӣ ва оғози эътирозҳои зидди ҳукуматӣ дар Эрон, фасли ҷадиде аз таниш миёни Теҳрон ва Риёз кушода шуд. Ҷумҳурии Исломӣ то кунун борҳо кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Арабистони саудиро ба таҳрики мӯътаризон муттаҳам кардааст. 

Дар намунаҳое аз ин маврид, Исмоил Хатиб, вазири иттилоот дар давлати Иброҳим Раисӣ, аввали моҳи ноябр дар гуфтугӯие бо пойгоҳи иттилоърасонии дафтари раҳбарии Ҷумҳурии Исломӣ бо ҳушдор ба давлати Арабистони саудӣ гуфт, ки “сабри роҳбурдӣ”-и Ҷумҳурии Исломӣ дар муқобили Риёз то абад идома пайдо намекунад. 

Ҳамзамон бо эътирозҳои густурда дар Эрон, рӯзномаи амрикоӣ “Вол стрит журнал” рӯзи сешанбе 20 декабр дар гузорише аз эҳтимоли ҳамлаи “қарибулвуқуъи” Эрон ба Арабистон хабар дод. 

Ин гузориш, ҳадаф аз барномарезии Эрон барои ҳамла ба Арабистонро “мунҳариф кардани эътирозот” донист. 

Ин рӯзномаи амрикоӣ ҳамчунин ба нақл аз манобеъи иттилоотии Арабистони саудӣ афзуд, ки дар вокуниш ба ин ҳамалоти эҳтимолӣ, Арабистон, Амрико ва чанд кишвари ҳамсояи дигар сатҳи омодабошро барои нерӯҳои худ дар минтақа афзоиш додаанд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular