Вазорати таҳсилоти олии Толибон дар Афғонистон, мушкилоте ҳамчун ҳиҷоб, таҳсили омехта, мусофират ва сукунатро далеле барои таваққуфи таҳсили духтарони донишҷӯ дар донишгоҳҳо унвон кард.
Нидо Муҳаммад Надим, сарпарасти вазорати таҳсилоти олии Толибон дар Афғонистон дар гуфтугӯ бо радиои телевизиони миллии таҳти контроли ин гурӯҳ гуфт: “адами вуҷуди хобгоҳҳои занон, мусофирати духтарони донишҷӯ аз як вилоят ба вилояти дигар бидуни маҳрам, риоят нашудани ҳиҷоб аз сӯи донишҷуён ва идомаи як ҷо будани донишҷуёни духтару писар аз далелҳои баста шудани донишгоҳ ба рӯй духтарон будааст”.
Вай гуфт, ки қонунҳои ҷоришуда тавассути идораи Толибон дар заминаи таҳсилоти олӣ ба дурустӣ иҷро нашудааст.
Надим изҳор дошт: “донишҷуёни духтари донишгоҳҳо қавонини ҳиҷобро риоят намекунанд, бо вуҷуди мамнуъият, таҳсили омехта дар бархе аз донишгоҳҳо ҳамчунон идома дорад. Шоиста нест донишҷуёни духтар барои таҳсилоти донишгоҳӣ ба устонҳои мухталиф бираванд ва бидуни хонавода ё хусусӣ дар он ҷо зиндагӣ кунанд. Дар хобгоҳҳо бимонанд. Донишҷуёни духтар набояд дар бархе риштаҳо дар донишгоҳҳо таҳсил кунанд”.
Ба гуфтаи вай “таҳсили духтарон дар бархе аз риштаҳо монанди кишоварзӣ ва муҳандисӣ мухолифи аҳкоми исломӣ ва шарофати Афғонистон аст. Ҳадафи мо маҳрум кардани духтарон аз таҳсил нест. Талошҳо барои ҳали мушкилот дар донишгоҳҳо идома дорад”.
Вай дар посух ба вокунишҳои байналмилалӣ ба ин иқдом гуфт, ки дар умури дохилии мо дахолат накунанд.
Вазорати таҳсилоти олии Толибон ду рӯз пеш тайи номае ба тамоми донишгоҳҳои давлатӣ ва хусусии Афғонистон дастур дод, ки духтарони ин кишвар “то иттилоъи баъдӣ” ҳаққи идомаи таҳсил дар донишгоҳҳоро нахоҳанд дошт.
Гуфтанист, духтарону занони афғон аз замоне, ки Толибон контроли ин кишварро дар соли гузашта ба даст гирифтанд, бо бесуботии афзояндае мувоҷеҳ шудаанд, ба тавре, ки тахмин зада мешавад 3 миллион духтар дабиристонӣ барои беш аз як сол аз таҳсил бозмондаанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

