Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетҶиргатол Сариосиёб шуд

Ҷиргатол Сариосиёб шуд

Номи деҳаи Ҷиргатол ба деҳаи Сариосиёб ва деҳоти Ҷиргатоли ноҳияи Лахш ба деҳоти Наврӯз иваз карда шуданд. Дар ин бора Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2022 ба тавсиб расид.

Ноҳияи Лахш (то 3 марти соли 2016 ноҳияи Ҷиргатол) яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ буда, 10 марти соли 1931 таъсис ёфтааст. Маркази ин ноҳия -шаҳраки Ваҳдат дар соҳили дарёи Сурхоб, 284 км дуртар аз шаҳри Душанбе воқеъ аст. Ин ноҳия солҳои 1939 — 1955 дар ҳайати собиқ вилояти Ғарм шомил гардида буд. Бар асоси қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Лахш 1 шаҳрак (Ваҳдат) ва 8 ҷамоат дорад.

Ноҳияи Лахш дар водии Рашт ҷойгир шудааст. Дар шимол бо вилояти Бодканди Қирғизистон, дар ғарб бо ноҳияи Рашт, дар ҷануб бо ноҳияҳои Тоҷикобод ва Сангвор ва дар шарқ бо ноҳияи Чон-Олойи Қирғизистон ва ноҳияи Мурғоби ВМКБ ҳамсарҳад аст. Масоҳати ноҳияи Лахш 4580.1 км² -ро ташкил медиҳад. Маркази имрӯзаи ноҳия ва аксар деҳаҳо дар водии нисбатан фарохи ҳавзаи дарёи Сурхоб доман густурдаанд. Аз чашмасоронаш дарёчаҳои кўҳии Муқсу, Тамдиқул, Пиёзӣ, Оби Кабуд, Дувана ва Ғулама маҷро мегиранд. Ҳудуди ноҳияро аз шарқ ба ғарб дарёи Сурхоб бурида мегузарад. Ба он дарёчаҳои бисёре ҳамроҳ мешаванд, ки калонтаринашон аз чап Муқсу ва аз рост Оби Кабуд мебошанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?