Wednesday, December 3, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетРусия иддао кард ҷиноят байни муҳоҷирон бештар шудааст

Русия иддао кард ҷиноят байни муҳоҷирон бештар шудааст

Мақомоти Русия иддао кардаанд сатҳи ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон афзоиш ёфтааст.

Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия зимни ҷаласаи Кумитаи давлатии мубориза бо маводи мухаддир дар ин бора хабар дода гуфт, ки аз панҷ ҷинояти содиркардаи муҳоҷирон дар Русия чаҳортоаш ба қочоқи маводи мухаддир рабт дорад.

Колоколтсев гуфт, «агар ба масъалаи афзоиши ҷинояткорӣ миёни шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия омадаанд, назар андозем, афзоиши ҷиноят аз ҷониби онҳо ба назар мерасад. 80 дарсади ҷиноёти содиркарда ба қочоқи маводи мухаддир рабт дорад”.

Вазир даъват кард, ки назорат аз болои ҷиноятҳои содиркардаи хориҷиён пурзӯр карда шавад.

Қаблан Кумитаи тафтишот дар бораи афзоиши содир намудани ҷиноят дар миёни муҳоҷирон дар соли 2022 хабар дода буд.

Дар давоми моҳҳои охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 37 ҳазор ҷиноятро тафтиш кардаанд, ки онро муҳоҷирон содир кардаанд.

Аз ин миқдор тақрибан 60 дарсади ҷиноятҳоро сокинони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ содир кардаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?