Кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои боздоштани мошинҳои низомӣ иҷоза хоҳанд гирифт.
Парлумони Тоҷикистон дар иҷлосияи рӯзи 21 декабри соли равон тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро қабул кард.
Агар қаблан кормандони БДА дар сурати нақзи қоидаи роҳ ҳаққи боздоштани техникаи низомиро надошта бошанд, пас тибқи тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ онҳо чунин ҳуқуқро мегиранд.
Қаблан дар сурати нақзи қоидаҳои ҳаракат аз ҷониби мошинҳои низомӣ маъмурони пулиси роҳ дар ин бора ба Вазорати дифоъ хабар дода, парвандаро додситонии ҳарбӣ баррасӣ мекард.
Акнун кормандони БДА ҳақ доранд техникаи ҳарбӣ, аз ҷумла танку бронетранспортёрҳоро дар сурати нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ боздошта, тибқи қонунгузории ҷорӣ ҷарима кунанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

