Пас аз оғози басиҷи нисбӣ дар Русия мардону ҷавонони рус ба ҳама кишварҳое, ки имкон доштанд, рӯ ба фирор оварданд. Албатта, дар дараҷаи аввал ба кишварҳое, ки барои ворид шудан виза зарур нест, чун Туркияву Белорус, Гурҷистону Қазоқистон, Арманистону Ӯзбекистон. Адади начандон зиёде ба Тоҷикистон низ омаданд.
Шояд дар назари аввал аҷиб намояд, ки чаро адади начандон зиёде аз русҳо ба Тоҷикистон омаданд. Дар ҳоле ки ҳукумату “пешво” ҳамеша иддао мекунанд, ки Тоҷикистонро “ҳоло аҳли башар мешиносад ва эътироф мекунад” ва кишвар “дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст”, чаро мардуми фирории рус ба ин кишвари “шинохта” наомад?
Дар ҳоле, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша иддао мекунд, ки барои рушди сайёҳӣ ҳамаи шароитро муҳайё кардааст ва ҳатто барои ин соли 2018 –ро дар кишвар “Соли рушди сайёҳӣ” эълон намуда буд, чаро ҳатто русҳо аз ин “ҷаннати рӯи замин” бехабар монда будаанд?
Аммо ҳатто он адади каме, ки омаданд, аз як тараф стереотипҳои русҳоро нисбат ба тоҷикон ба таври ошкор баён карданд, ва аз тарафи дигар, комилан номуваффақ будани сиёсати “пешво” ва ҳукуматашро дар вобастагӣ ба сайёҳӣ нишон доданд.
Бо расидани аввалин фирориҳои рус ба хоки Тоҷикистон, шабакаҳои иҷтимоӣ бо наворҳое аз қабили “Русҳо аз дидани Тоҷикистон дар шок ҳастанд” пур шуданд. Аксари наворҳо ба як маъно буданд. Русҳо мегуфтанд “мо қаблан гумон мекардем, ки Тоҷикистон як кишвари ақибмондае аст, Душанбе ба монанди қишлоқе аст ва танҳо хонаҳои якошёна дораду бас, вале дар асл мисли Дубай будааст” ё “гумон мекардем мардум бо хару ароба мегарданд, вале инҷо автомобилҳои гаронарзиш ҳам будааст” ё мардуми “тоҷик меҳмоннавоз будааст” ва аз ҳама аҷибаш, “дар инҷо ҳатто KFC ва Ашан ҳам будааст” ва ғайра.
Яъне, то имрӯз дар назари шаҳрвандони Русия Тоҷикистон як кишвари ақибмондае аз асрҳои миёна будааст, ки мардумаш бо хару ароба мегарданд, ҳатто дар пойтахт мардум танҳо дар хонаҳои якошёна ва аз хишти хому лойи похса сохташуда зиндагӣ мекунанд.
Нуқтаи дигари ҷолиб он буд, ки худи “пешво” мавзӯи ин видеоҳоро дар нишасти баландпояи “Осиёи Марказӣ — Русия”, дар ҳузури ҳамаи раисҷумҳурҳои кишварҳои минтақа ва Русия бардошт ва бо он ифтихор ҳам кард.
“Ташаккур, ки ҳоло 30 ҳазор нафар мардуми рус, ки мо онҳоро гуреза намегӯем, интиқолёфтагон ба кишвари мо омаданду аз тариқи наворҳо ҳақиқатро ба дунё нишон доданд” — бо ифтихор зикр кард “пешво” ва шояд, аз ҳамин сабаб аз Путин талаб кард, ки “моро ҳурмат кунед”.
Хабари сафари ҳазорҳо нафар шаҳрвандони Русия дар кишвар дар сархати расонаҳову қарор шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт ва вирди забони ҳамагон шуд.
Дар баробари “баланд бардоштани обрӯи кишвар”, ҳузури ҳазорҳо нафар шаҳрвандони Русия чанд мушкилиро ошкор карда, чанд нуқтаи муҳиммеро барои ҳамагон собит кард.
Нуқтаи аввал ин буд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи шиносонидани кишвар ба ҷаҳониён ноком будааст. Чун агар ҳатто миллати рус дар бораи тоҷикон тасаввуроте надошта бошанд, дар ҳоле ки дар 70 сол дар давраи шӯравӣ як кишвар ба ҳисоб мерафтанд ва пас аз пошхӯрии шӯравӣ низ робитаи зичи “шарикии стратегӣ” доштанд, пас миллатҳои дигар дар бораи Тоҷикистон чӣ медонанд? Мардуми Аврупову Амрикову Осиё чӣ маълумоту чӣ тасаввуроте дар бораи Тоҷикистон доранд?
Нуқтаи дуввум ин буд, бо вуҷуди он, ки шаҳрвандони Русия маҷбуран ва хилофи хоҳиши худ ба Тоҷикистон сафар карданд, вале кишвар натавонистааст онҳоро ба таври бояду шояд қабул намояд. Аз ин сабаб, русҳо зуд дар фикри тарки ин кишвар шудаанд. Тавре расонаҳо хабар доданд, ҳазорҳо шаҳрванди Русия, ки пас аз эълони басиҷ ба Тоҷикистон гурехтанд, дар фикри кӯчидан ба кишвари севум будаанд. Баъзе аз онҳо сабабро набудани ҷойи кору шароити муносиби зиндагӣ номиданд. Бинобар ин, аксарияти онҳо дар фикри сафар ба кишварҳои севум, бахусус Туркияву Ӯзбекистон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ будаанд. Маълум шуд, ки дар Тоҷикистон инфрасохтори муносибе барои қабули ин миқдор шаҳрвандони хориҷӣ вуҷуд надорад.
Тавре Раҳмон дар паёми анъанавии худ ба парлумон зикр кард, ба кишвар “соли 2022-юм 1 миллион нафар сайёҳон ворид гардидаанд”. Албатта, Раҳмон нагуфт, ки ин омор бо назардошти, ба қавли худаш “интиқолёфтагон”-и рус ҳисоб шудааст ё на. Маълум нест, ки фирориёни рус аз басиҷи нисбӣ дар кишварашон ба Тоҷикистон ба ҳайси кӣ ворид шудаанд, ба ҳайси гурезаҳо, ё сайёҳон, ё дигар. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи октябр қайд карда буд, ки аксари шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистон ба ҳайси кишвари транзитӣ истифода мекунанд. Ба гуфтаи вазорат, онҳо паноҳанда набуданд ва то октябри соли 2022 ягон мавриде сабт нашудааст, ки паноҳандае ё гурезае аз Русия омада бошад. Ҳамчунин, то ҳол омори “интиқолёфтагон”-и рус аз тарафи мақомоти расмӣ расонаӣ нашудааст ва адади аниқи онҳо маълум нест.
Аммо нуқтаи севвум он аст, ки пас аз эълони басиҷи нисбӣ дар Русия нархи билетҳо аз Маскав ба Душанбе ба осмон дакка зада, аз 8-10 ҳазор то эълони басиҷ то 100-150 ҳазор рубл ва ҳатто аз он ҳам бештар боло рафт. Тавре маълум аст, нархи дастраси билет яке нуқтаҳои калидии рушди саёҳат аст. Вале ҳамон лаҳзае, ки талаботи бештаре барои сафари мусофирони хориҷӣ ба Тоҷикистон пайдо шуд, ширкатҳои ҳавопаймоӣ дарҳол нархи билетҳоро 10-15 баробар боло бурда, хоҳиши мусофиронро аз сафар ба ин кишвар гардонданд. Талаботи новобаста аз шароиту имкониятҳои сайёҳии кишвари Тоҷикистон, яъне дар пасманзари қарори раисҷумҳури Русия пайдошударо дарҳол ба нестӣ расонданд. Дигар касе аз шаҳрвандони Русия хоҳиш надошт ба Тоҷикистон сафар кунад, зеро бо он маблағ имкон буд ҳатто ба Амрикои Ҷанубӣ, яъне ба он тарафи дунё сафар кунад. Чунин аст сиёсати кишвар дар мавриди “рушди сайёҳӣ”. Бо қарорҳои “хирадмандона”-и роҳбарияти ширкати монополии ҳавопаймоӣ, ҳатто сайёҳони маҷбурӣ низ аз сафар ба Тоҷикистон дилхунук шуданд. Пас оё пас аз чунин муносибат касе ихтиёран ба ин кишвар сафар хоҳад кард? Албатта, не.
Нуқтаи чорум. Бо вуҷуди он қадар зиёд набудани адади мусофирони рус, ки ба қавли раисҷумҳур 30 ҳазорро ташкил карданд, барои омадану ҷой гирифтани онҳо дар меҳмонхонаҳо ва хонаҳои мардум, ташкил кардани экскурсияҳо ва тамошо дар пойтахту шаҳру ноҳияҳо мардуми зиёде вобаста шуданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ даҳҳо гурӯҳҳо сохта шуд, ки дар онҳо хоҳишмандон хизматҳои худро барои мусофирони рус пешниҳод мекарданд. Қарори басиҷи нисбӣ 22 сентябри 2022 имзо шуд ва аллакай 26 сентябр дар Тоҷикистон дар меҳмонхонаҳо ягон утоқи холӣ намонд, ҳатто хонаву утоқҳои шахсӣ низ аз сомонаҳои амволи ғайриманқул бардошта шуданд, зеро мусофирони рус ҳамаро банд карда буданд. Ҳолатҳои зиёде низ ҷой дошт, ки ҳатто утоқи бандшударо ба дигар мусофирон додаанд ва шаҳрвандони Русия бе ҷои хоб мондаанд.
Пас, агар ба сухани раисҷумҳур бовар кунем ва адади шаҳрвандони Русия 30 ҳазор нафар бошад, маълум мешавад ин адад кофист, то ҳамаи меҳмонхонаҳову хонаҳои шахсиро дар кишвар пур кунанд ва дигар барои сайёҳон ҷои хоб боқӣ намонад. Ҳол он ки ба гуфтаи раисҷумҳур ба кишвар “соли 2022-юм 1 миллион нафар сайёҳон” ворид шуда буданд. Бо назардошти он, ки аз 22 сентябри 2022 то 26 сентябр ҳамагӣ чор рӯз гузаштааст ва имкон надорад ҳамаи ин 30 ҳазор нафар дар се ё чор рӯз ба Тоҷикистон сафар кунанд, пас адади мусофирон хеле камтар аз он будааст ва шояд аз 7 то 10 ҳазорро ташкил кунад. Далелаш ҳам он аст, ки Раҳмон адади 30 ҳазорро санаи 14 октябр қайд карда буд. Пас, маълум мешавад, ки 7-10 ҳазор сайёҳ метавонанд ҳамаи меҳмонхонаҳо ва ҳатто хонаҳои шахсиро дар кишвар пур кунанд. Пас, саволе дар зеҳн ба вуҷуд меояд, ки 1 миллион сайёҳ дар куҷо шабҳоро рӯз кардаанд? Кӣ барои онҳо экскурсия ва тамошои ҷойҳои ҷолибро ташкил кардааст, дар ҳоле ки барои 30 ҳазор русҳо ин қадар сарусадо шуда буд? Чаро 1 миллион нафар сайёҳро касе эҳсос накард, вале 30 ҳазор русҳо дар ҳама ҷо, ҳам дар расонаҳои давлатӣ, ҳам расонаҳои шахсӣ ва ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ ин қадар сарусадо карданд?
Тавре “пешво” дар паёми худ қайд кард, барои таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ зарур аст, ки “ҷиҳати зиёд кардани номгӯйи хизматрасониҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар соҳа, роҳандозии васеи сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ густариш” бахшида шавад. Вале Раҳмон муайян накардааст, ки соҳаи сайёҳии кишвар барои қабули чанд нафар муносиб аст? Оё, фарз кунем, 30 ҳазор сайёҳи аврупоӣ ба кишвар сафар кунанд, барои ҳамаи онҳо дар меҳменхонаҳо ва ҳатто хонаҳои шахсӣ ҷой пайдо меашвад? Ва ё он замон ҳам мардум бояд дар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳо кушоянду сайёҳонро ба таври волонтерӣ ба хонаҳои худ баранд? Агар воқеан 1 миллион сайёҳ ба кишвар ворид шаванд, ҳамаи онро кӣ ба хонаҳои худ ҷо мекунад?
Сониян, “сайёҳии табобатӣ” гуфта раисҷумҳур чиро дар назар дорад? Дар ҳоле ки худи мардуми кишвар намехоҳанд дар беморхонаҳои кишвар табобат гиранд, зеро ҳамаи мутахассисони хуб кайҳо ба кишварҳои дигар рафтаанд ва низоми тандурустии кишвар ба ҳар ду по мелангад, пас оё шаҳрвандие хориҷие пайдо мешавад, ки барои табобат ба Тоҷикистон сафар кунад?
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

