Monday, March 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАмалишавии қонун дар бораи суғуртаи тиббӣ боз ба таъхир афтод

Амалишавии қонун дар бораи суғуртаи тиббӣ боз ба таъхир афтод

Вакилони парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 29-уми декабр муҳлати мавриди амал қарор гирифтани қонун «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бори панҷум тамдид карданд. Қонуни мазкур мебоист аз 1 январи соли 2023 мавриди амал қарор мегирифт.

Дар ин бора нашрияи парлумонии «Садои мардум» хабар додааст

Ба навишати ин манбаъ, Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҷаласаи парлумон гуфтааст, ки тибқи хулосаи гурӯҳи кории байниидоравӣ айни замон барои гузариши пурра ба низоми суғуртаи тиббӣ дар Тоҷикистон шароити мусоид вуҷуд надорад. Ба гуфтаи вай, барои ҷорӣ намудани низоми суғуртаи тиббӣ бояд талаботи дахлдори иқтисодӣ, молиявӣ ва ташкилӣ ба назар гирифта шавад.

Муҳсинзода дар ин замина афзудааст, ки тибқи хулосаи Вазорати молияи Тоҷикистон, дар ҳолати аз ҳисоби меъёри амалкунандаи андози иҷтимоӣ пардохт намудани ҳаққи суғуртаи тиббӣ эҳтимолияти кам шудани даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа вуҷуд дошта, ин метавонад боиси иҷро нагардидани уҳдадориҳои иҷтимоии давлат дар назди аҳолӣ гардад.

Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон дар идома гуфтааст, ки барои ҷорӣ намудани суғуртаи ҳатмии тиббӣ маблағи зарурӣ барои соҳаи тандурустӣ бояд на кам аз 4 то 6 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил диҳад. Аммо, ба гуфтаи вай, айни замон буҷети соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2,8 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ буда, дар маҳалҳо бошад 80-90 фоизи онро музди меҳнати кормандон ташкил медиҳад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular