Monday, February 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМошини писари муовини сарвазир дар садама…гунаҳкор дониста шуд

Мошини писари муовини сарвазир дар садама…гунаҳкор дониста шуд

Садама бо иштироки Фаромӯз Саидов, писари муовини аввали сарвазир Давлаталӣ Саидов бо айби мошин рух додааст. Бинобар ин парванда алайҳи Фаромӯз қатъ карда шудааст.

Дар ин бора Шариф Ҳабибуллоев, сардори раёсати назорати милитсияи Додситонии кулли Тоҷикистон имрӯз, 3-юми феврал дар нишасти матбуотиаш дар посух ба суоли рӯзноманигорон хабар дод. Ӯ гуфт, дар натиҷаи омӯзиши маводи парванда маълум шудааст, ки садама бинобар ҷой доштани мушкили техникӣ рух додааст.

Ин садама 10 сентябр рух дода буд, ки дар натиҷа Ҳилола Раҳимоваи 25 сола ва Рустам Сатторови 28 сола зери мошини писари Давлаталӣ Саидов монда, ҷони худро аз даст доданд. Инак баъди 5 моҳи ташхисҳои зиёд маълум шудааст, ки дар садама ронанда неву мошин гунаҳкор аст. Чанд рӯз пеш Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои доила дар ин мавзӯъ гуфта буд, ки аллакай чанд ташхис гузаронида шудааст, вале ҳанӯз натиҷа маълум нест.

Қаблан Рамазон Раҳимзода баъди 7 маротиба ташхис гузаронидани садама бо иштироки писари Амонулло Ҳукумов, раҳбари вақти “Роҳи оҳани тоҷик”, ӯро ҳам бегуноҳ бароварда буд. Ҳукумов бошад барои беназорат гузоштани писари ноболиғаш 120 сомонӣ ҷарима шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular