Sunday, March 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетАврупову Амрико дар ҷустуҷӯи роҳи истифода аз дороиҳои ҳабсшудаи Русия барои бозсозии...

Аврупову Амрико дар ҷустуҷӯи роҳи истифода аз дороиҳои ҳабсшудаи Русия барои бозсозии Укроин

Давлати Олмон дар ҳол баррасии тарҳе аст, ки дар сурати иҷроӣ шуданаш миллиардҳо евро аз дороиҳои масдудшудаи Русияро барои кумак ба бозсозии Укроин истифода кунад. 

Давлати Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон аз дархости Укрин барои истифода аз дороиҳои масдудшудаи Русия ба унвони товони ҷангб истиқбол мекунад, аммо ҳанӯз мавқеъи расмӣ дар хусуси ин масъала нагирифтааст. Блумберг гузориш дода, ки афроди наздик ба ин парванда мегӯянд масъалаи печидае аст ва бахшҳои мухталифи эътилофи ҳоким дар давлати Олмон назарҳои фарқкунандае дар ин хусус доранд. 

Ин мавзӯъ дар ҳоле дар Олмон пай гирифта мешавад, ки ихтилофоти дохилӣ дар даруни ин кишвар нишон медиҳад ҳамчунон эъломи як мавқеъи мушаххас аз сӯи Берлин дар қиболи ин масъала кори соддае нест. Аз сӯи дигар талошҳои байналмиллалӣ барои гирифтани мавқеъи муштарак аз сӯи Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо низ дар қиболи ин масъала вуҷуд дорад. 

Анналена Бербок, вазир умури хориҷаи Олмон аз Русия хостааст, то хисороти воридшуда ба Укроинро бипардозад. Мақомҳои огоҳ бидуни зикри ном ба Блумберг гуфтаанд, ки раҳбари собиқи ҳизби сабзҳои Олмон муддатҳост, ки тарафдори гирифтани мавқеъи сахттар дар муқобили Кремл аст ва исрор дорад, ки боздошти дасти кам бахше аз дороиҳои масдудшудаи Русия, ба унвони як гузина мадди назар қарор гирад. 

Кристин Линданар, вазири дороӣ, ки раёсати Ҳизб демократи озоди тарафдори тиҷоратро бар ӯҳда дорад, мвқеъи эҳтиёткоронатаре гирифтааст. Ба гуфтаи мақомот, ӯ нигарон аст, ки мусодираи дороиҳои Бонки марказии Русия ба раванди хатарноке табдил шавад ва кишварҳои Аврупоӣ ва муттаҳидони онҳоро ба самти як ботлоқи қонунӣ равон кунад. 

Иттиҳодия Аврупо ва аъзои кишварҳои Гурӯҳи 7 ҳудуди 300 миллиард евро аз захоири Бонки марказии Русияро масдуд кардаанд. Иттиҳодия Аврупо ҳамчунин ҳудуди 19 миллиард евро аз дороиҳои соҳибкорони таҳримшудаи Русияро масдуд кардааст. Ин дороиҳо дар ҳоли ҳозир дар вазъияти номуайян буда ва қобили истифода нестанд. 

Як манбаъи дигар дар ин хусус ба Блумберг мегӯяд: “ин равандҳо метавонад аз назари ҳуқуқӣ муддатҳо тӯл бикашад ва дар чунин парвандаҳое мумкин аст тарафайн ба додгоҳ муроҷиа кунанд ва барои рафът боздошти амволт худ шикоят намоянд ва дар ниҳоят мумкин аст масъала ҳалношуда боқӣ монад”. 

Шолтс дар моҳи август дар ин хусус ба хабарнигорон гуфта буд: “хисорати бисёр чашмгире ба Укроин ворид шуда ва бозсозии ин кишвар миллиардҳо евро ҳазина дар бар хоҳад дошт. Ҳамин масъала кулли ҷомеа ҷаҳониро водор ба эҷоди роҳҳалҳои қонунӣ мекунад.” 

Баҳсҳои мушобеҳе дар дигар кишварҳо ва миёни дигар мақомҳои аврупоӣ низ вуҷуд дорад. Урсуло фон дер Лайн, раиси Комиссиюни Аврупо дар ҳамин хусус таъкид карда, ки иттиҳодия ба думболи ёфтани роҳҳои қонунӣ барои тавқифи дороиҳои Русия барои кумак ба бозсозии Украина аст. Ў ҳамчунин афзуда, ки иттиҳодия ба думболи эҷоди сохторе барои мудирияти ин сармояҳо ва сармоягузорӣ дар онҳо ба нафъи Киев аст. 

Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо дар ҷараёни нишасти моҳи гузашта дар Брюссел, чандин гузина барои истифода аз дороиҳои масдудшуда Русия барои ҳимоят аз Укроинро маврид баҳс қарор доданд. 

Раҳбарони Иттиҳодия Аврупо аз бахши иҷроии иттиҳодия хостанд то тарҳе муфассал ироа кунад, аммо онҳо ҳамчунин таъкид карданд, ки ҳар гуна ҳабси дороӣ бояд мутобиқ бо қавонини байналмилалӣ бошад. Зимни ин ки Брюссел таъкид дорад, ки барои иҷрои ин раванд бояд масири муштарак бо Иёлоти муттаҳида пайгирӣ ва иҷро шавад. 

Мақомоти Иттиҳодият Аврупо гуфтаанд, ки бахшт умдае аз кумакҳои куллии молиро барои бозсозии Укроин анҷом хоҳад дод. Ин маблағ метавонад беш аз 500 миллиард евро бошад ва ба эҳтимоли зиёд боис эҷоди баҳсҳои фаровоне дар хусуси чигунагии ҷамъовари ин маблағ хоҳад шуд. 

Дар Иёлоти муттаҳида, қонунгузорони Кунгура, давлати Ҷо Байденро таҳти фишор қарор додаанд то бо ироаи қонуне барои иҷоза додан ба он дар мавридҳои хос, тасарруфи бархе дороиҳои Русияро дар назар бигирад. Давлати Иёлоти муттаҳида то кунун ба далели нигаронӣ аз ин ки ин иқдом метавонад кишварҳои дигарро аз қарор додани дороиҳои худ дар Иёлоти муттаҳида дилсард ва нигарон кунад, дар баробари ин дархостҳо муқовамат кардааст. 

Мусодираи дороиҳои бонки марказии як кишвари хориҷӣ ҳарчанд иқдоме нодир аст аммо ин нахустин бор нест, ки чунин баҳсҳо матраҳ мешавад. Дар моҳи сентябр, Иёлоти муттаҳида тасмим гирифт маблағи 3 миллиарду 500 миллион доллар аз захоири Бонки марказии Афғонистонро бо аҳонаи додани хисорат ба осебдидагон ва бозмондагони ҳодисаи 11 сентябр блок ва ҳабс кунад. 

Бо ин ҳол Кремл масдуд карданм захоирм худро ғайриқонунӣ хонда ва гуфтааст, ки бо ҳар гуна талош барои мусодираи дороиҳои худ ва истифода аз онҳо барои мақсадҳои дигар мубориза хоҳад кард. 

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл пештар аз ин дар ин робита гуфта буд: “мо дар мавриди як дуздии байналмиллалӣ сӯҳбат мекунем, ки ҳама чизро нақз мекунад.”

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular