Monday, March 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМинбаъд таъхири парвоз ба мусофир ҳақи баргардонидани маблағашро медиҳад

Минбаъд таъхири парвоз ба мусофир ҳақи баргардонидани маблағашро медиҳад

Акнун сар аз соли 2023 дар сурати даст кашидани мусофир аз иҷрои шартномаи ҳамлу нақли ҳавоӣ, бо сабаби ба таъхир афтодани парвози ҳавопаймо, пули билет пурра баргардонида мешавад.

Тағйиру иловаҳо дар қонуни нақлиёти ҳавоии Тоҷикистон, ки охири соли 2022 бо имзои раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шуда буд, баъди нашри расмӣ аз соли равон мавриди амал қарор гирифтаанд..

Тибқи талаботи қонуни нав акнун ҳамлу нақлдиҳанда уҳдадор аст, ки мусофири ҳавопайморо дар бораи шартҳои баргардонидан ё барнагардонидани маблағи барои ҳамлу нақли ҳавоӣ пардохтшуда пеш аз бастани шартномаи ҳамлу нақли мусофир огоҳ кунад.

Дар қонун таъкид шудааст, ки дар сурати даст кашидани мусофири ҳавопаймо аз иҷрои шартномаи ҳамлу нақл, бо сабаби ба таъхир афтодани парвоз, инчунин, дар ҳолатҳои дигари ноилоҷ даст кашидан бо гуноҳи ҳамлу нақлдиҳанда, ба мусофир маблағи ҳамлу нақл, аз ҷумла пардохти бебозгашт пурра баргардонида мешавад.

Инчунин ширкатҳои ҳамлу нақл ҳуқуқ пайдо карданд, ки аз ҳисоби худ барои гуруҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон имтиёз таъйин намоянд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular