Friday, March 20, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКоммиссари Олии СММ: ба боздоштҳои худсарона хотима диҳед

Коммиссари Олии СММ: ба боздоштҳои худсарона хотима диҳед

Коммиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон , ки ба таҷрибаи боздоштҳои худсарона хотима бахшанд.

Комиссари олии СММ Фолкер Турк гуфт, “оғози соли навро бо аҳли оилаам таҷлил карда, дар бораи онҳое фикр кардам, ки наздиконашон барои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ранҷ мекашанд.”

Ба гуфтаи ӯ, “инҳо касоне ҳастанд, ки табъизро маҳкум карда, мухолифи суиистифода ва фасод садо баланд мекунанд. Инҳо рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳастанд, ки барои иҷрои корҳои муҳим зиндонӣ шудаанд”.

Фолкер Турк бо таъкид аз ҳукуматҳо ва тамоми мақомоти ҳокимияти саросари ҷаҳон даъват кардааст, ки ҳамаи онҳоеро, ки барои истифода аз ҳуқуқҳои худ боздошт шудаанд, афв кунанд, гуноҳашонро бахшанд ё ба таври одӣ озод кунанд.

Ӯ бо муроҷиат ба ҳукуматдорон гуфтааст, “ба дилҳои худ назар андозед, парвандаҳои онҳоро бозбинӣ ва интихоби дуруст кунед: имсолро аз ба ҳаёт табтиқ намудани афкори  Эъломияи умумиҷаҳонӣ оғоз кунед.

Гуфтанист, рӯзи 10 декабри соли 2023, 75-умин солгарди қабули Эъломияи ҳуқуқи башар таҷлил мешавад. Эъломияро намояндагони тамоми минтақаҳои ҷаҳон навишта, қабул кардаанд, ки паёми асосии он риояи ҳуқуқи инсон мебошад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular