Вазири хориҷаи Амороти муттаҳидаи арабӣ рӯзи чаҳоршанбе 4 январ бо Башар Асад, раисҷумҳури Сурия дидор кард. Ин дувумин сафари вай ба Димишқ дар солҳои ахир баъд аз беҳбуди равобит миёни Амороти муттаҳидаи арабӣ ва Сурия аст.
Бар асоси баёнияи дафтари Башар Асад, раисҷумҳури Сурия ва шайх Абдуллоҳ ибни Зайд ал-Наҳиён, вазири умури хориҷаи Амороти муттаҳидаи арабӣ дар бораи тақвияти равобити иқтисодӣ байни кишварҳои худ гуфтугӯ карданд. Дар баёния ба нақл аз Асад гуфта мешавад, ки эҳёи равобити байни ду кишвар ба нафъи суботи минтақа аст.
Хабаргузории давлати Аморот гуфт, ки онҳо ҳамчунин дар мавриди таҳаввулоти Сурия ва минтақа гуфтугӯ карданд ва шайх Абдуллоҳ ҳимояти худро аз роҳҳали сиёсӣ барои поён додан ба даргириҳо эълом кард. Ҳайате аз мақомоти иқтисодӣ ва амниятӣ вазири умури хориҷаи Аморотро ҳамроҳӣ мекарданд.
Ин дувумин сафари шайх Абдуллоҳ ба кишвари ҷангзадаи Сурия аз замони нахустин сафараш дар моҳи ноябр 2021 аст. Ин сафар ҳамчунин ба думболи яке аз сафарҳои нодири Башор Асад ба Аморот дар даҳ моҳи гузаштааст. Дар солҳои гузашта ӯ танҳо ба Эрон ва Русия ба унвони ду кишвари муттаҳидаш сафар карда буд. Аморот сафорати худро дар соли 2018 дар Сурия бозкушоӣ кард.
Сурия пас аз оғози даргириҳо дар соли 2011 дар ин кишвар аз ҷамъи 22 кишвари узви Иттиҳодияи араб ихроҷ ва тавассути ҳамсоягонаш таҳрим шуд. Садҳо ҳазор нафар дар ин ҷанг кушта ва ниме аз ҷамъияти 23-миллионӣ қабл аз ҷанги Сурия овора шуданд. Бахшҳои зиёде аз Сурия вайрон шудааст ва бозсозии он даҳҳо миллиард доллар ҳазина хоҳад дошт.
Эҳёи равобити Сурия бо кишварҳои арабӣ
Бо ба бунбаст расидани ҷанг дар солҳои ахир ва пас аз он ки Асад ба лутфи кумакҳои низомии Русия, Эрон ва гурӯҳи шибҳинизомии Ҳизбуллоҳи Лубнон, контроли бештари манотиқи Сурияро дубора ба даст гирифт, кишварҳои арабӣ ба самти эҳёи равобит бо Сурия пеш мераванд.
Дар моҳи июни 2022, сафири ҷадиди Баҳрайн маъмурияти худро дар ин кишвар оғоз кард, дар айни ҳол вазири умури хориҷаи Алҷазоир дар июли гузашта дар сафар ба Димишқ гуфт, ки кишвараш дар канори соири кишварҳои арабӣ дар ҳоли ҳамоҳангӣ барои бозгардондани узвияти Сурия дар Иттиҳодияи араб ҳастанд. Ҳамчунин Башар Асад бо Абдуллоҳи дувум, подшоҳи Урдун тамоси телефонӣ барқарор кард. Ин дар ҳолест, ки Урдун мизбони гурӯҳҳои мухолифи таҳти ҳимояти Ғарб ва садҳо ҳазор паноҳҷуи фирорӣ аз ҷанг будааст.
Норизоиятии Амрико аз барқарории равобити кишварҳо бо Сурия
Дар ҳоле ки Сурия дар ҳоли бозёбии равобити худ бо кишварҳои минтақа аст, Иёлоти муттаҳида рӯзи сешанбе 3 декабр аз ҳамаи кишварҳо хост то дар мавриди бозсозии равобити худ бо Башар Асад “дубора фикр кунанд.”
Ин мавзеъгирӣ дар ҳоле анҷом мешавад, ки Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия, дар авоили моҳи декабр ба Владимир Путин раисҷумҳури Русия пешниҳоди баргузории нишастҳои сеҷониба миёни вазирҳои Русия, Сурия ва Туркияро дода буд.
Эдвард Нед Прайс, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико эълом кард: “мо аз кишварҳое, ки ба думболи боло бурдани сатҳи равобити худ ё эъломи ҳимояташон барои тармими диктатории бераҳми Башор Асад бошанд, ҳимоят намекунем.” Вай дар идома афзуд: “мо аз давлатҳо мехоҳем, ки гузаштаи бисёр бади ҳуқуқи башарии режими Асадро дар 12 соли гузашта баррасӣ кунанд, чаро, ки ин режим ҳамчунон ба аъмоли ваҳшиёнаи худ алайҳи мардуми Сурия идома медиҳад ва онҳоро аз дастрасӣ ба кумакҳои башардӯстона боз медорад.”
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

