Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо аз 9 то 16 январ дар шаҳри Миттерсили Утриш бо беҳтарин варзишгарони Аврупо ба тамрин фаро гирифта мешавад. Дар ин дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар додааст.
Ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон дзюдочиён Комроншоҳи Устопириён, Обид Ҷейбов, Сомон Маҳмадбеков, Шодмон Ризоев ва Беҳруз Хоҷазода барои тамрин дар аввалин ҷамъомади таълимии байналмилалӣ дар Миттерсилл шомил шуданд.
Ҷамъомади таълимии ҳамасола аввалҳои моҳи январ дар Утриш баргузор мешавад. Ҳар сол зиёда аз 600 нафар варзишгарон аз зиёда аз 45 кишвар ба Миттерсилл меоянд.
“Барои тамринҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистон президенти Федератсияи дзюдо барои соли 2023 ва солҳои оянда мураббиёни ботаҷрибаи ҷопониро ҷалб кардааст, то дзюдочиёни мамлакат дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ нишондиҳандаҳои хуб ба даст оварда, барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии 2024 холҳои зарурӣ ҷамъ оваранд”, — тазаккур додаанд дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.
Ҳамзамон барои таъмини раванди тиббӣ-биологии тайёрии варзишгарони дастаи мунтахаб мутахассисони тиббии варзиш ҷалб карда мешаванд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

