Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЛигаи футболи Узбекистон аз забони русӣ даст кашид. Навбати кист?

Лигаи футболи Узбекистон аз забони русӣ даст кашид. Навбати кист?

Раҳбарияти Лигаи касбии футболи Ӯзбекистон (ПФЛ) тасмим гирифтааст, ки аз истифодаи забони русӣ даст кашад. Дар ин бора директори Лигаи касбии футболи Ӯзбекистон Диёр Имомхоҷаев  дар саҳифаи Telegram хабар дода навишт, ки  «дар се соли охир Лига файлеро бо қоидаҳо ба вебсайти расмӣ мегузорад, ки ҳар кас метавонад онро боргирӣ кунад ва бихонад. То соли 2022 низомномаҳоро ба забонҳои ӯзбекӣ ва русӣ нашр кардем. Аз соли 2023 ба забонҳои ӯзбекӣ ва англисӣ хоҳад буд”.

Имомхоҷаев сабабҳои ин тасмимро нагуфтааст. Аммо даст кашидан аз забон ва фарҳанги русӣ дар як соли охир рушди бесобиқа касб кардааст. Кишварҳои собиқ шӯравии Қафқоз ҳам бо суръат ба ҳамин самт пеш мераванд. Дар Осиёи Миёна Қазоқистон бештар аз ҳама ба тахъифи ҷойгоҳи забони русӣ дар қаламраваш амал мекунад.

Гуфтанист, бештари федератсияҳо ва созмонҳои варзишии кишварҳои ИДМ, ки вебсайтҳои расмӣ доранд, версияҳои русӣ доранд, аз ҷумла Кумитаи олимпӣ, Вазорати варзиш ва ҳатто Федератсияи кураши Узбекистон дар сайти русмии худ версияи русӣ дорад.

Ин тасмими Лигаи касбии футболи Ӯзбекистон дар ҳолест, ки дар нимаи моҳи октябри соли 2022 дар нишасти сарони кишварҳои ИДМ дар Остона дар бораи таъсиси як созмони байналмилалӣ барои дастгирӣ ва тарғиби забони русӣ ба мувофиқа расида буданд. Вазифаи асосии созмон ҳифз ва таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ дар асоси ҳамоҳангии зичи забони русӣ ва забонҳои кишварҳои узви ИДМ буд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular