Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДОИШ масъулияти ҳамлаи бар вазорати хориҷаи Афғонистонро ба ӯҳда гирифт

ДОИШ масъулияти ҳамлаи бар вазорати хориҷаи Афғонистонро ба ӯҳда гирифт

Хабаргузории Аъмоқ (Amaq), марбут ба ДОИШ, эълом кард, ки ин гурӯҳ масъулияти инфиҷори интиҳории рӯзи чаҳоршанбе дар муқобили вазорати хориҷаи Толибонро ба ӯҳда гирифтааст. Ин гурӯҳ бо нашри акси рӯпӯшидаи муҳоҷим, ӯро Хайбар Ал-Қандаҳорӣ номидааст. 

Тибқи охирин омор, 20 нафар дар инфиҷори имрӯз ҷони худро аз даст додаанд. 

Дар эъломияи ДОИШ омадааст, ки ҳадди ақал 20 нафар дар ин инфиҷор кушта шуда ва дар миёни кушташудагон дипломатҳои вазорати хориҷа ва нерӯҳои Толибон, ки барои ҳифозат аз вазорат муваззаф буданд, низ шомил аст. 

Толибон монанди гузашта теъдоди куштаҳоро кам эълом карда ва шумори онро 5 нафар зикр кардааст. 

Устод Фаридун, яке аз мақомоти Толибон дар вазорати иттилоот ва фарҳанги ин гурӯҳ ба Рейтерз гуфт, ки бомбгузор қасд дошт вориди вазорати хориҷа шавад. 

Тибқи иттилоъи Афғонистон Интерншнал бо истинод ба манобеъаш дар вазорати хориҷаи Толибон, ин инфиҷор замоне рух дод, ки ҳайати чинӣ бо мақомоти ин гурӯҳ ҷаласа доштанд. Ба гуфтаи манобеъ, дасти кам ҳашт корманди вазорати хориҷа дар ин инфиҷор кушта ва шумори бештаре дар ин рӯйдод захмӣ шудаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular