Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТуркия пас аз чаҳор сол равобити комили дипломатикро бо Исроил аз...

Туркия пас аз чаҳор сол равобити комили дипломатикро бо Исроил аз сар гирифт

Сакир Озкан Туранлар, сафири Туркия дар Исроил чаҳоршанбе 11 январи 2023 бовариномаи худро ба Исҳоқ Гертсог, раисҷумҳури Исроил тақдим кард ин охирин иқдом байни ду кишвар дар бозсозии равобиташон пас аз солҳо буҳрон буд. 

Туркия чаҳор сол пеш дар эътироз ба куштори фаластиниҳо дар ҷараёни тазоҳуроти “бозгашт”, ки аз тарафи сокинини Ғазза баргузор шуд, ҳамаи дипломатҳояшро аз Исроил фарохонд. 

Раисҷумҳури Исроил дар маросими рӯзи имрӯз гуфт: “имрӯз мо як гоми муҳимми дигар бардоштем ва ба нуқтаи атфи дигаре дар тақвияти равобит ва амиқсозии дӯстии Туркия ва Исроил расидем. 

Гертсог, ки Раҷаб Таййиб Урдуғон ҳамтои турки худ барои дидор аз Исроил даъват кардааст, идома дод: “ин равобит акнун дар як масири бисёр дилгармкунанда қарор гирифтааст.” 

Ин ду кишвар пас аз моҳҳои гуфтугӯ аз ҷумла сафари Гертсог ба Туркия дар моҳи марти 2022 дар моҳи август аз эҳёи комили равобит ва бозгашти сафаро хабар доданд. 

Моҳи гузашта низ Ирит Лилиан, сафири ҷадиди Исроил дар Туркия устуворномаи худро ба Урдуғон тақдим карда буд. 

Равобити дуҷонибаи Туркия ва Исроил пас аз амалиёти низомии Исроил дар Ғазза соли 2008 шурӯъ ба тирагӣ кард ва пас аз ҳамлаи маргбори Исроил ба киштиҳои ҳомили фаъолони ҳаводори Фаластин ва кумакҳои башардӯстона ба Ғазза барои шикастани муҳосираи навори Ғазза мутаваққиф шуд. Дар ин ҳамла 10 ғайри низомӣ кушта шуданд. 

Маросими рӯзи чаҳоршанбе танҳо чанд ҳафта пас аз ташкили давлати ҷадиди Бинёмин Нетаняҳу Исроил баргузор шуд. Урдуғон алорағми танишҳои гузашта бо Исроил пирӯзии Нетаняҳу дар интихоботи саросарии ноябри гузаштаро табрик гуфт. Албатта Анқара пеш аз ин аз эътилофи Нетаняҳу бо ҷиноҳи рости ифротӣ интиқод карда буд. Туркия ҳамчунин боздид аз Масҷид-ул-Ақсои Йерусалим тавассути Итамар бен Гур вазири амнияти миллӣ дар моҳи ҷориро “таҳрикомез” тавсиф кардааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular