Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетПешниҳоди лағви афв барои кӯдакозорон дар Узбекистон

Пешниҳоди лағви афв барои кӯдакозорон дар Узбекистон

Вазорати адлияи Узбакистон пешниҳод кардааст, ки нисбати афроде, ки барои озори ҷинсӣ нисбат ба ноболиғон маҳкум шудаанд, авф нашаванд ва шартан пеш аз мӯҳлат озод карда нашаванд. Нисбати педофилҳо  ҷазоро ба ҷазои сабуктар иваз накунанд.

Дар ин бора Repost.uz бо истинод ба лоиҳаи қонуни дахлдор, ки агентӣ рӯзи 11 январ барои муҳокимаи умум гузоштааст, хабар медиҳад.

Тибқи ин санад, меъёр ба онҳое, ки барои зӯроварӣ нисбати ноболиғон, танфурӯшии маҷбурӣ, таҳияи маводи аксу видео бо ҷалби шахсони то 18-сола маҳкум шудаанд, дахл хоҳад дошт.

Дар лоиҳаи қонун ҳамчунин зарурати шадидтар кардани муҷозот барои маҷбур кардани зан ба исқоти ҳамл, паҳн кардани маводи интимӣ дар интернет бо ҳадафи шантаж ва нақзи дахолатнопазирӣ зикр шудааст.

Илова бар ин, таҳиягарони лоиҳаи қонун пешниҳод мекунанд, ки барои озор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳатто агар он тавсифи лафзии шахсият ё дигар узвҳои бадан ва ҳамчунин ибораҳои фаҳш, ки хоҳиши шаҳвониро ифода мекунад, ҷавобгарии маъмурӣ ҷорӣ карда шавад.

Тавре ки Mediazona қайд мекунад, ҳомиёни ҳуқуқи башари узбак борҳо масъалаи пурзӯр кардани ҷавобгариро барои ҷиноятҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ матраҳ кардаанд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular