Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет“Брюс Лии Афғонистон” орзуҳои ҳоливудиашро амалӣ мекунад

“Брюс Лии Афғонистон” орзуҳои ҳоливудиашро амалӣ мекунад

Нақли қавли маъруфе аз Брюс Ли вуҷуд дорад, ки мегӯяд: “шумо ҳамон мешавед, ки фикр мекунед.” 

Тақрибан 50 сол пас аз марги Брюс Ли, марде аз кишвари ҷангзада роҳи ӯро идома хоҳад дод, ки иттифоқан шабоҳати зиёде ҳам ба ин намоди ҳунарҳои размӣ дорад. 

Монанди бисёри дигар аз мардуми Афғонистони имрӯзӣ, орзуҳои Аббос Ализода орзуҳои сахте буд ва роҳи душвореро барои расидан ба он бояд тай мекард. 

Декабри 2014, дӯстони наздики Ализода наворҳое аз ӯ бо жестҳои ҳунарҳои размӣ монанди жестҳои размии Брюс Ли, беруни қасри вайроншуда дар Кобул дар Фейсбук мунташир карданд. 

Он замон, ӯ аслан фикрашро ҳам намекард, ки тасвираш дар шабакаҳои иҷтимоии Афғонистон пурсарусадо мешавад ва мардум ба ӯ лақаби “Брюс Лии Афғонистон” медиҳанд. 

Ӯ дар мусоҳибае бо сайти “Стар” гуфтааст: “ҳама ҳаяҷонзада шуда буданд ва дар Фейсбук мудом барои ман дархости дӯстӣ мефиристоданд.” 

Ҳамин моҷаро боис шуд, ки таваҷҷуҳи байналмилалӣ ҳам ҷалб шавад. Ноябри 2020, ин тасовир боис шуд, ки пешниҳоди бозӣ дар як филми ҳоливудӣ ба ӯ дода шавад, ки зоҳиран фурсате барои идома додани роҳи “пир”-аш, Брюс Лии аслӣ хоҳад буд. Аммо бозгашти Толибон ба Афғонистон дар августи 2021 Ализодаро дар вазъияти хатарноке қарор дод. 

Мухолифати Толибон бо мусиқӣ ва синамо, ки аз назари онҳо ҷузъи фаъолиятҳои ғайриисломӣ ба ҳисоб меояд ба гузаштаҳои дур бармегардад. Аввалин боре, ки онҳо дар даҳаи 1990 ба қудрат расиданд, олоти мусиқиро шикастанд ва синамоҳо ва истгоҳҳои телевизиониро таътил карданд. Пас аз ду даҳа, ки онҳо дубора ба қудрат расиданд, ҳамон ибтидои кор мусиқидонон ва ситорагони синамо, варзишкорон, рӯзноманигорон ва фаъолони ҳуқуқи башар аз Афғонистон фирор карданд. 

Ализода дар бораи рӯзҳои қабл аз рӯйи кор омадани дубораи Толибон мегӯяд: “мо озодӣ доштем, аммо Толибон, маҳдудиятҳо ва озору азиятҳоро баргардонд.” 

Соли 2020 ӯ ба як коргардони ҳоливудӣ нома навишт ва дар як қадамии гирифтани визаи корӣ буд, ки бо суқути Афғонистон ба даст Толибон, сафорати Амрико дар Кобул баста шуд ва пайгириҳои ӯ аз дипломатҳои Иёлоти муттаҳида дар Исломободи Покистон бидуни посух монд. 

Ализода ба унвони размкор, ҳунарпеша ва яке аз аъзои қавми ҳазора мегӯяд, ки маҷбур шудааст беш аз як сол дар Афғонистон махфӣ зиндагӣ кунад ва барои ин ки тавассути пулиси Толибон шинохта нашавад, риш бигузорад. Вай агарчи ба таври мушаххас дар листи таҳти таъқиб қарор надошт аммо ба унвони як чеҳраи шинохташуда аз дастгир шудан метарсид. 

Моҳи гузашта, Ализодаи 29-сола ба ҳамроҳи 32 варзишкори афғони дигар, тавассути як созмони ғайри давлатии бритониёӣ аз Афғонистон хориҷ шуд. Ў ҳоло иқомати доими Бритониёро дорад ва дар ҳоли ҳозир дар Манчестер зиндагӣ мекунад. 

Ӯ ба сайти “Торонто стар” гуфт: “вақте дар хиёбонҳои Лондон қадам мезанам, ҳама мехоҳанд бо ман акс бигиранд. Мардум мегӯянд ман хеле шабеҳи Брюс Ли ҳастам. Ман ҳам ба онҳо ҷавоб медиҳам ман Брюс Лии Афғонистон ҳастам.” 

Аббос Ализода, соли 2001, замоне, ки барои аввалин бор мухлиси филмҳои экшн Брюс Ли шуд, ҳашт сол дошт. 

Брюс Ли, бозигар ва размкори ҳонконгӣ мутаваллиди Сан-Франсиско буд ва ба хотири филмҳояш монанди “Хашми аждаҳо” ва “Аждаҳо ворид мешавад” шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. Эътибори Ли ба далели тақвияти ҳунарҳои размӣ ва шикастани клишаҳои синмоӣ аст. Ў соли 1973 дар Ҳонконг дар сини 32 солагӣ даргузашт. 

Ализода дар мусоҳибаи телефонӣ ба забони форсӣ гуфт, ки бештар ҳаракоти ҳунарҳои размиашро аз филмҳои Брюс Ли ёд гирифтааст. 

Ӯ, ки дар як хонаводаи фақир ба дунё омада, қодир ба пардохти ҳазинаҳои бошгоҳи ҳирфаии Кунгфу набуда ва ба ҳамин далел дар зерзаминии кӯчаке дар Кобул ҳаракоти Брюс Лиро тамрин мекардааст. Ҳатто кор бо калтакро ба сурати ҳирфаӣ аз рӯйи филмҳои Брюс Ли ёд гирифтааст. 

Ализода аз соли 2015 дар чандин филми синамоӣ ва таблиғотӣ бозӣ карда, ки манбаъи аслии даромадаш барои ҳимоят аз волидайн, хоҳарону бародаронаш будааст. Ҳоло, ки ӯ иқомати доими Бритониёро дорад, метавонад ба роҳатӣ ба Иёлоти муттаҳида биравад ва орзуҳои бузургтареро думбол кунад. 

Брюс Лии Афғонистон” мегӯяд: “соли 2023 дар як филми ҳоливудӣ ифои нақш хоҳам кард.” Ин як филми размӣ аст аммо Ализода иттилооти бештаре дар бораи он ироа накардааст. Ў идома дод: “ҳадафи ниҳоии ман ҳузур дар Ҳоливуд буда ва ҳаст. Ин рӯйҳое аст, ки ҳоло ба ҳақиқат мепайвандад.”

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular