Wednesday, July 2, 2025
ads
HomeХабарҳо Убайдуллоев қадам ба қадам ба сӯи…

 Убайдуллоев қадам ба қадам ба сӯи…

Пас аз барканории Муҳаммадсаид Убайдуллоев аз раисии шаҳри Душанбе инак узвияти ӯро дар Маҷлиси Миллӣ ҳам қатъ карданд. Баъзеҳо аллакай дар рӯзҳои аввал мегуфтанд, ки Убайдуллоев дар ояндаи наздик  ба муҳокима кашида мешавад. Ҳоло рафтанаш аз Маҷлиси Миллӣ ин фарзияро тақвият кардааст.

Баъзеҳо мегуянд ҷои Убайдуллоевро дар Маҷлиси Миллӣ ҳам Рустами Эмомалӣ хоҳад гирифт, аммо барои ин кор синни Рустам намерасад. Бинобарин эҳтимол дорад ҷои Убайдуллоевро яке дигар аз шахсиятҳои вафодор ба хонавода Амиршо Миралиев соҳиб шавад. Яъне роҳбарии Маҷлиси Миллӣ эҳтимолан бо дастури Раҳмон ба ӯ дода шавад. Ин кор ҳам барои кумак ба Рустам лозим аст.

Раванди корҳо ҳам фарзияи ба муҳокима кашида шудани Убайдуллоевро дар ояндаи наздик қавитар мекунад. Ҳоло маълум нест, ки Убайдуллоев ҳам даст руи даст гузошта омадани табарро интизор мешавад ва ё аз руи иҷбор коре анҷом медиҳад.

Ҳамаи шахсиятҳои зиндонии сиёсии мо қурбонии хушбовариашон шудаанд. Ғафор мегуфт ман ба хотири Раҳмон падарамро мепарронам ва ӯ ҳаргиз бо ман коре намекунад. Ёқуб бовар дошт ки ҷонашро наҷот дода аст ва ҳаргиз ӯро зиндон намекунанд. Зайд бовар дошт, ки бегуноҳ аст ва бегуноҳиашро исбот мекунад. Муҳаммадназар Солиев ҳам ба рафоқаташ бо Раҳмон боварӣ дошт. Бобоҷон Бобохонов ҳам ба хидматҳои кардааш ба Раҳмон боварӣ дошт. Аммо  ҳирси мансабу мақом ва бемории қудратталабии Раҳмон бар ҳама чиз ғолиб омадааст ва сарнавишти талхи онҳоро имрӯз ҳамагон шоҳид ҳастанд.

Ҳоло навбат ба Убайдуллоев расидааст. Оё ӯ ҳам ба умеди бахшишу гузаштҳои Пешво даст руи даст мегузорад?

Оё ӯ ҳам фикр мекунад ба хотири заҳматҳои гузаштааш Пешвояш ӯро мебахшад?

Ё инки аз руи иҷбор даст ба кор мешаваду ҳадди ақал як ҷараққаи умедеро дар ҷомеа зинда мекунад?

Як чиз аниқ аст, ки Убайдуллоев муҳокима хоҳад шуд. Аммо Ҳеҷ кас намедонад, ки Убайдуллоев ҳам мисли дигарон сарашро руи кунда гузошта мунтазири омадани табар мешавад ё инки ҳадди ақал бо сухане ё каломе аз худаш дифоъ мекунаду ҳадди ақал мисли Зайд Қаҳрамони қалбҳо мегардад. Инро танҳо вақт нишон медиҳад!

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?