Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҚирғизистон ҳам диктотуритар мешавад

Қирғизистон ҳам диктотуритар мешавад

Дар Қирғизистон маҳдудсозии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, фишор ба озодии баён, инчунин хушунат нисбати занон идома дорад. Дар ин бора созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch дар гузориши солонааш навиштааст.

Ин созмон аз қарори вазорати фарҳанг, ки сомонаҳои «Азаттик Медиа»-ро баст, аз парвандаи ҷиноӣ нисбати мудири телевизиони Next TV, ихроҷи рӯзноманигори таҳқиқгар Болот Темиров ёдовар шудааст.

Дар гузориш гуфта шудааст, ки «озодии расонаҳо зери зарба монда, нисбати рӯзноманигорони мустақил, блогерон ва расонаҳо парванда боз шуд. Дар моҳи октябри соли 2022 вазорати фарҳанг сомонаҳои «Азаттик Медиа»-ро баст».

Нишондоди дигари бадшавии озодии баён дар Қирғизистонро дидабони ҳуқуқи башар, дар боздошти дастаҷамъии бештар аз 20 фаъол ва сиёсатмадор донистааст, ки дар тирамоҳи соли 2022 сурат гирифт.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Қирғизистон борҳо гуфтаанд, ки ҳуқуқ ба озодии баён дар Қирғизистон поймол нашудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular