Сармои шадид дар Тоҷикистон то 25 январ соли равон идома меёбад. Дар ин бора “Ховар” бо истинод ба муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева хабар додааст. Гуфта мешавад чунин сардӣ дар кишвар 15 сол пеш, яъне охири моҳи январ ва аввали моҳи феврали соли 2008 низ ба қайд гирифта шуда буд. Он замон як моҳ барқ дар кишвар қариб коминлан қатъ гардида, боиси марги садҳо нафар гашта буд.
Ҷамила Байдуллоева зикр кард, ки дар соли 2008 ҳарорат шабона дар водиҳо аз 20 то 25 дараҷа хунук буд. Аммо дар он шабу рӯз дар ВМКБ ҳарорат ба мисли ҳавои имсола паст нашуда буд.
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки аз 13 то 16 январи соли равон дар бештари ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳии ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво шабона то 24 дараҷа хунук, рӯзона то 13 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз то 24 ва рӯзона то 15 дараҷа хунук пешгӯӣ мешавад.
Дар ин рӯзҳо дар шоҳроҳҳои минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ яхбандӣ боқӣ мемонад. Инчунин дар нишебиҳои ҷанубӣ ва шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор, минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва дар баъзе ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани зуҳуроти тарма дар назар аст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

