Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲукми эъдом барои Авод Ал-Қаранӣ, мубаллиғи саудӣ барои фаъолият дар Твиттер

Ҳукми эъдом барои Авод Ал-Қаранӣ, мубаллиғи саудӣ барои фаъолият дар Твиттер

Як мубаллиғи фиқҳӣ ва устоди донишгоҳ дар Арабистон ба иттиҳоми “тарвиҷи хусумат” алайҳи хонадони подшоҳи саудӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба марг маҳкум шудааст. Ба навиштаи рӯзномаи Гардиан (Guardian), барои Авод Ал-Қаранӣ пас аз 5 соли ҳабс, ҳукми эъдом содир кардаанд. 

Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, ки пас аз муддатҳо инзиво баъди қатли Ҷамол Хошуқчӣ ба саҳнаи ҷаҳонӣ боз гашта, зоҳиран аз саркӯби мухолифони ҳукумати худ даст накашидааст. Рӯзномаи Гардиан менависад, як устоди донишгоҳ дар ин кишвар ба далели паёмҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо муҷозоти эъдом рӯ ба рӯ шудааст. 

Ба гузориши Гардиан, Авод Ал-Қарнии 65 сола, ки хатиби маъруфе аст ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарафдорони зиёде дорад, баъд аз 5 соли ҳабс, дар додгоҳ ба марг маҳкум шудааст. 

Писари Ал-Қарнӣ соли гузашта аз Арабистон фирор карда ва дар Бритониё зиндагӣ мекунад. Гардиан бо истинод ба мадорике, ки ӯ ироа дода, навишта, ки Ал-Қараниро ба иттиҳоми тарвиҷи назароти зидди ҳукуматӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маҳкум кардаанд. Тарафдорӣ аз “Ивхон-ул муслимин” низ аз ҷумлаи иттиҳомоти Ал-Қаранӣ дар додгоҳ аст. 

«Иттиҳоми хандаовар» 

Ин нашрияи Бритониёӣ бо нақл аз Ҷед Бсиунӣ, мудири бахши Ховари Миёна ва Африқо дар созмони ҳуқуқи башари Reprieve навиштааст: “худи саудиҳо дар платформҳое мисл Твиттер ва Фейсбук сармоягузорӣ мекунанд. Чунин иттиҳоме барои маҳкумияти шаҳрвандон гарчи даҳшатнок аст, аммо ҷанбаи хандаовар ҳам дорад.” 

Бсиунӣ гуфта, ки таблиғоти Риёз дар бораи модерн кардани зерсохтҳои Арабистон ва кушоишҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, бо саркӯби озодии баён ва ақида тазоди ошкор дорад. 

Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар низ пас аз дастгирии Ал-Қаранӣ дар соли 2017 ва саркӯби мухолифон ва кунишгарони маданӣ дар Арабистони Саудӣ, баёнияе дар интиқоди ин раванд дода буд. Раванде, ки дар соли 2018 бо қатли ваҳшиёнаи Ҷамол Хошуқчӣ, рӯзноманигори мунтақид дар Истамбул такмил ва ташдид шуд. 

Моҷарои Хошуқчӣ мавҷе аз хашму эътироз алайҳи Риёзу Ибни Салмон ба роҳ андохт. Дастгоҳҳои амниятии Амрико валиаҳди Арабистонро масъул ва омир ин қатл донистанд аммо Ибни Салмон ҳамвора нақшофарини дар масъаларо рад кард ва ба гурӯҳе худсар нисбат дод. Ин парванда боиси шикоф байн Риёзу Ғарб шуд ва Ибни Салмонро муддатҳо ба ҳошия ва инзиво бурд. 

Бо ин ҳама, валиаҳди Арабистони Саудӣ баъд аз ҷанг дар Укроин ва ба баракати афзоиши саросемавори қимати энержӣ ба тадриҷ ба саҳнаи байналмилалӣ бозгашт ва дар июли 2022 ба Юнон ва Фаронса сафар кард ва бо Эммануил Макрон дидор дошт. Ҷо Байден, раисҷумҳур Амрико ҳам дар сафар Ховари Миёна худ ба Риёз рафт. Мулоқоти Ибни Салмон бо Байден дар Риёз бо тафсирҳои манфии расонаҳо ва маҳофили сиёсии дохилии Амрико ҳамроҳ буд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular