Дар Афғонистон 24 нафар бар асари сармозадагӣ ҷони худро аз даст доданд.
Ба гузориши расонаҳои маҳаллии Афғонистон, дар пайи шароити номусоид ва сармои шадид дар вилояти Бодғис 5 нафар аз ҷумла як кӯдак, дар Ҳирот ва Бағлон 9 нафар, дар Хӯст 5 нафар, дар Форёб 2 нафар, дар Ҷузҷон 2 нафар ва як нафари дигар дар Сарипул ҷон бохтанд.
Бар ин асос, садҳо нафар низ бар асари сармозадагӣ ба бемористонҳо муроҷиа карданд. Ҳамчунин дар пайи сармои шадид ҳазорон адад чорво талаф шудаанд.
Шумори зиёде аз мардуми Афғонистон ба далели буҳрони иқтисодӣ ва фақр қодир ба таъмини ҳезум, ангиштсанг ва дигар васоили гармоишӣ нестанд.
Мушкилоти ҳамлу нақл низ ба далели шароити номусоид вижа дар фасли замистон, кумакрасонии созмонҳои башардӯстонаро таҳти таъсир қарор додааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

