Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВазъияти асафбори оворагони сурӣ дар фасли зимистон

Вазъияти асафбори оворагони сурӣ дар фасли зимистон

Сармо ва набуди имконоти муносиб, сокинони урдугоҳҳои оворагон дар устони Идлиби Сурияро дар вазъияти душворе қарор додааст. 

Оворагони сурие, ки дар пайи ҳамалоти нерӯҳои режими Башшор Асад ва ҳомиёнаш ба урдугоҳҳои оворагон дар Идлиб воқеъ дар шимолу ғарби Сурия паноҳ овардаанд, рӯзгори сахтеро дар ин рӯзҳои сарди замистон таҷриба мекунанд. 

Урдугоҳҳои чодарии муваққати мустақар дар ҳавмаи устони Идлиб, ки зерсохтҳои лозим надорад, дар фасли замистон ва сармо аз миллионҳо ғайринизомии овораи сурӣ мизбонӣ мекунад. 

Сармо, бориши борону барф ва набуди имконоти муносиб, оворагони идлибиро дар вазъияти душворе қарор додааст. 

Муҳаммад Холид (73 сола) яке аз ғайри низомиёни сурӣ, ки аз ҳамалоти режими Асад фирор карда ба урдугоҳи Айн Бейза дар ҳавмаи Идлиб паноҳанда шуда дар гуфтугӯ бо хабарнигори Анатолуи Туркия гуфтааст: “замистони сахтеро таҷриба мекунем. На ғизо ва на васоили гармоишӣ дорем”. 

Холид, ки дар соли 2015 аз минтақаи Ҷабал-Акради Лазиқия ба Идлиб паноҳ оварда аст, мегӯяд: “тарки зодгоҳам сахттарин иттифоқест, ки дар зиндагиям рух дод. Эй кош мемурдам ва ба ин урдугоҳ намеомадам.” 

Вай бо баёни ин ки ба далели кӯҳансолӣ наметавонад кор кунад, гуфт: вазъияти маишатии сокинони урдугоҳ дар шароити вахиме қарор дорад. 

Ҳузайфа Умар яке дигар аз сокинони урдугоҳи Айн Бейза гуфтаст: ҳаво боронӣ ва бисёр сард аст. Рӯзона сӯхту ҳезуми мавриди ниёзи худро аз кӯҳҳо ҷамъоварӣ мекунем. 

Сафия Шомӣ овораи сурии дигаре, ки бо 4 фарзандаш дар ин урдугоҳ зиндагӣ мекунад, мегӯяд: дар вазъияти дардноке қарор дорем. Луқмаи ноне барои хӯрдан надорем. Маводи васоили гармоишӣ надорем. 

Гуфтанист, бархе хонаводаҳо худро ба Идлиб расонда ва дар чодарҳое, ки тавассути ниҳодҳои маданӣ таҳияшуда ва бархе низ дар паноҳгоҳҳо бо талошҳои оворагон сохта шуда, зиндагӣ мекунанд. 

Туркия, Русия ва Эрон дар нишасти Остона дар майи 2017, Идлиб ва манотиқи атрофи онро минтақаи коҳиши таниш эълом карданд. 

Ҳудуди 2 миллион ғайринизомии сурӣ дар пайи ҳамалоти режими Асад дар хилоли солҳои 2017-2020 ба манотиқи наздик ба марзи Туркия паноҳ оварданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular