Вазорати хориҷаи Русия дар баёнияе ҷузъиёти сафари ахири намояндаи вижаи Путин дар умури Афғонистон ба Коблуро мунташир кард. Дар ин баёния омадааст, ки дар ҷараёни гуфтугӯҳои Замир Кобулов дар Кобул, таваҷҷуҳи вижае ба чашмандози ба расмият шинохтани Толибон аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла аз сӯи Русия сурат гирифт.
Дар баёния гуфта шуда, ки Замир Кобулов дар сафар ба Афғонистон дар рӯзҳои 12 ва 13 январи 2023 бо Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи Толибон, Роза Отунбаева, намояндаи дабири кулли Созмони милал дар Афғонистон ва дигар мақомот дидор кардааст.
Дар баёния ҳамчунин омада, ки Толибон аз талошҳои Русия барои Афғонистон дар эҷодт як кишвар сулҳомез, мустақил ва худкифо аз назарт иқтисодӣ бисёр қадрдон аст.
Муборизаи Толибон бо гурӯҳҳои террористӣ, ҷилавгири аз қочоқ ва афзоиши маводи мухаддир дар Афғонистон ва густариши равобити иқтисодии Русия бо Афғонистон аз дигар мавзӯъҳое буда, ки ба гуфтаи Вазорати хориҷаи Русия дар бораи он гуфтугӯ шудааст.
Русия мегӯяд дар сурати субот дар Афғонистон, бозсозии пружаҳои зербиноии сохташуда дар Афғонистон дар даврон Шӯравӣ имконпазир аст.
Пештар хабаргузории ТАСС-и Русия гузориш дода буд, ки Амирхон Муттақӣ ба Замир Кобулов итминон дода, ки раҳбари Толибон ба машварати “дӯстон русӣ” гӯш медиҳад ва барои ташкили як давлати ҳамашумул, беҳбуди ҳуқуқи башар, сиёсати бетарафона ва ҳуқуқи занон ва духтарон кор хоҳад кард.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

