Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДидори дӯстонаи Месси ва Роналдо бо бартарии парижиҳо поён ёфт

Дидори дӯстонаи Месси ва Роналдо бо бартарии парижиҳо поён ёфт

Бозии дӯстона ва пургол миёни бошгоҳи “Париж санжермен” ва тими мунтахаби “Ал-Наср”-у “Ал-Ҳилол”-и Арабистон дар варзишгоҳи Малик Фаҳд бо пирӯзии 5 бар 4-и парижиҳо ба поён расид. 

Ин дидор бинобар бозии Роналдо ва Месси барои тарафдорони футболи ҳаяҷонбарангез буд, ки Роналду 2 гол ва Месси 1 голи ин мусобиқаро заданд. 

Дар нимаи аввал, Месс ва Маркиниус 2 гол барои “Париж санжермен “заданд, аммо Роналду ба танҳоӣ тавонист голҳои хӯрдаро дар нимаи аввал ҷуброн кунад. 

Дар нимаи дувум, бозикунони ду тим бо энержии бештар бозиро оғоз карданд. Серхио Рамос бо поси Килён Амбопа дарвозаи ҳарифро боз кард, аммо Ҷонг Ҳиун Су, бозикуни Ал-Ҳлол бо ҷуброни ин гол тавонист натиҷаро 3 бар 3 бисозад. 

Хатои дасти Алӣ Ал-Балеҳӣ боис шуд, ки ёрони Месси соҳибт пеналти шаванд ва тӯб бо зарбаи тамошоии Амбопа вориди дарвозаи тими мунтахаби Арабистон шавад. Ба думболи он, гол Ҳуго Экитике натиҷаро 5 бар 3 ба суди парижиҳо кард. 

Тими мунтахаби Арабистон бо зарбаи Андерсун Толиско дар вақти изофа тавонист голи поёниро бизанд ва натиҷа 5 бар 4 ба суди “Париж санжермен” тамом шавад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular