Дар калонтарин шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон дар Хуҷанду Бӯстон, Гулистон, Исфараву Конибодов ва Панҷакенту Истаравшан, бузургтарин шаҳрҳои Суғд марказҳои гармидиҳӣ, ки замоне дар фасли сармо барои хонаҳои сокинон гармӣ мерасониданд, ҳама аз кор монда, валангор шудаанд.
Сокинон мегӯянд, масъулони идораи барқрасонӣ аз онҳо даъват доранд, ки барқро сарфакорона истифода баранд, дар ҳоле, ки ягона василаи гарм кардани хонаҳои бисёрошёна дар сармо асбобу таҷҳизотҳое маҳсуб мешаванд, ки бо нерӯи барқ кор мекунанд.
Ба хабаргузории Sputnik Тоҷикистон Муъминхӯҷа Ваҳҳобов, сардори Идораи корхонаи фаръии шабакаҳои гармидиҳии КВД хоҷагии манзилию коммуналӣ дар шаҳри Хуҷанд, сабаби аз кор бозмондани дегхонаҳои гармидиҳиро дар қатъ шудани интиқоли гази табиӣ аз Узбекистон замони Ислом Каримов гуфтааст.
Ба таъкиди Ваҳҳобов, ҳоло аз 28 дегхонае, ки дар замони шуравӣ дар шаҳри Хуҷанд кор мекарданд, танҳо се — чор адади он дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд ва шифохонаҳои ин шаҳр фаъоланд.
Дар чандин мактабҳои Хуҷанд низ аксар чунин дегхонаҳо кор намекунанд ва маъмулан синфхонаҳо аз ҳисоби печ ва ё бухориҳо тавассути ҳезум ва ангишт гарм карда мешаванд.Бояд гуфт, танҳо дар шаҳри Душанбе маркази гармидиҳӣ фаъол буда, дар фасли сармо ба сокинони биноҳои ошёнадор хизмат мерасонад. Дар дигар шаҳрҳои бузурги кишвар чунин системаи гармидиҳанда то ҳанӯз кор намекунад. Шароити мардуми шаҳрнишини Тоҷикистон бадтар аз солҳои 90 уми асри гузашта аст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

