Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихон Туреханов мулоқот карда гуфтааст, ки вилоят барои афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус пиёзу сабзӣ ва карам ба Қазоқистон омода аст.
Намояндаи дипломатии Қазоқистон гуфтааст, барои татбиқи ин иқдом соҳибкорони қазоқ омодаанд, ки ба маблағи 15 миллион доллар пешпардохт диҳанд.
Тарафҳо мутмаин шудаанд, ки дар сурати риояи пайвастаи нақшаҳо содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қазоқистон метавонад то 45-50 миллион доллар афзоиш ёбад.
Зимнан зикр гардид, ки дар вилояти Хатлон дар як сол то 500 ҳазор тонна пиёз истеҳсол кардан мумкин аст, дар ҳоле ки талаботи ҳармоҳаи Қазоқистон ба ин маҳсулоти кишоварзӣ аз 35 ҳазор то 150 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин дар ин дидор ҷониби Қазоқистон ба интиқоли лиму ва ангури тоҷик таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҷонибҳо барои содироти он ба Қазоқистон изҳори умедворӣ карданд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

