Monday, February 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКӣ рост мегӯяд-Сафир ё Вазир?

Кӣ рост мегӯяд-Сафир ё Вазир?

Сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон маҷбур шудааст бо як муроҷиати расмӣ эълон кунад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба эълонҳое, ки барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ пахш мешаванд бовар накунанд. Ӯ таъкид кардааст, ки барои кор дар Корея бояд байни кишварҳо шартнома бошад, вале байни Тоҷикистон ва Корея дар ин бора ягон шартнома нест ва ҳатто дар ин бора суҳбат ҳам нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки Сумангул Тағойзода вазири меҳнат чанде пеш дар бораи тавофуқҳо бо Корея дар заминаи муҳоҷирати корӣ сухан гуфта буд. Ӯ эълон карда буд, ки бо Корея гуфтугӯ шудааст ва бояд ба зудӣ ин тавофуқ имзо шавад.

Билохира мардум ба кӣ бовар кунанд, ба Сафир ки мегӯяд дар инбора ягон гап нест ё ба Вазир мегӯяд гуфтугӯ анҷом шудааст?

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular