Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИхроҷи даҳ муҳоҷири тоҷик аз Русия

Ихроҷи даҳ муҳоҷири тоҷик аз Русия

Тибқи иттилоъи Сафорати Тоҷикистон даҳ муҳоҷири боздоштшудаи тоҷик, ки дар «Сахарово», маркази нигаҳдории хориҷиён дар Маскав, қарор доштанд, ба Тоҷикистон фиристода шудаанд. Дар ин марказ асосан муҳоҷиронеро нигаҳ медоранд, ки ба поймол кардани қоидаҳои будубош дар Русия ва напардохтани молиёту надоштани иҷозаи кор муттаҳам мебошанд.

Сафорат рӯзи 23 январ хабар дода, ки дар охири ҳафтаи гузашта муҳоҷиронро дар маркази «Сахарово» дида, масъалаи зудтар ба кишвар фиристодани онҳоро бо мақомоти Русия баррасӣ карданд.

Ин ниҳод расман шумораи муҳоҷирони тоҷикро, ки ба далели нақзи қонунҳои Русия дар ин марказ нигаҳдорӣ мешаванд, нагуфтааст.

Дар чанд соли охир наздик ба 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ихроҷ шудаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон бар инанд, ки дар аксари мавридҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро бе ягон қонуншиканӣ ва бо баҳонаҳои ночиз ихроҷ мекунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular