Reuters гузориш медиҳад, ки Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон бо таҳвилу содироти танкҳои “Леопард” ба Укроин мувофиқат карда аст.
Бино бар ин гузоришҳо Амрико ва Олмон баъд аз моҳҳо баҳс гуфтаанд, ки қасди ирсол танк ба Укроинро доранд.
Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон, бо ирсоли танкҳои Леопард ба Укроин мувофиқат карда ва ҳамчунин бо таҳвили ин танкҳо аз сӯи кишварҳои дигар ба Укроин мухолифате надорад.
Ҳамчунин интизор меравад, ки давлати Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, ба зудӣ тарҳҳоеро барои ирсоли даҳҳо танк аз навъи “М-1 Абрамс” эълом кунад.
Расонаҳои амрикоӣ ба нақл аз манобеъи огоҳ, ки аз онҳо ном бурда нашудааст, менависанд, ки ин тасмим эҳтимолан имрӯз, чаҳоршанбе эълом хоҳад шуд.
Як манбаъ ба Ню-йорк Таймз гуфтааст, ки 30 то 50 танки “Абрамс” дар ихтиёри Укроин қарор мегирад.
Амрико ва Олмон ҳар ду таҳти фишорҳои дохилӣ ва хориҷӣ барои интиқол танк ба Укроин қарор доштанд.
Лаҳистон пештар эълом карда буд, ки омодааст, ки танкҳои “Леопард”-е, ки қаблан аз Олмон харидорӣ карда будро ба Укроин бидиҳад аммо мутобиқи қарордодҳои таслиҳотӣ, кишварҳо иҷозаи фурӯшу содироти аслиҳаи харидоришуда ба кишвари савумро надоранд, магар бо мувофиқати кишвари созандаи таслиҳот.
Қабл аз ин гузориш шуда буд, ки Олмон дар таҳвили ин танкҳо ба Укроин ва ё мувофиқат бо содироти онҳо аз сӯи кишварҳои дигар ба мақсади Укроин, тардид дорад чаро, ки таҳвили ин таслиҳоти сангинро омиле барои боло гирифтани ҷанг медонад, на коҳиши таниш бо Русия.
Акнун, пас аз он ки фишорҳои байналмилалӣ Берлинро дар мавзеъи заифе қарор дод, Шолтс тасмим ба таҳвили дасти кам 14 танки “Леопард-2” ба артиши Укроин гирифтааст, ки баробар ба як гурӯҳони (рота) танкӣ аст.
Ин баробар ҳамон теъдоде аст, ки Лаҳистон ҳам ваъдаи таҳвили онро ба Укроин дода — 14 танки “Леопард”. Бритониё ҳам мутааҳҳид шуда, ки як гурӯҳон танки Челинҷер ба Укроин диҳад.
Бинобар ин гузориш маркази байналмилалӣ мутолиоти стратегӣ, дасти кам 16 кишвари аврупоӣ ва узви НАТО танкҳои “Леопард-2” доранд.
Акнун мувофиқати садри аъзами Олмон ба ин маънӣ аст, ки ҳамаи ин кишварҳо қодир хоҳанд буд дар сурати тамоюл танкҳои Леопард-2-ро ба Укроин бидиҳанд.
Бо ин ҳол Владимир Зеленскийӣ, раисҷумҳури Укроин, гуфта кишвараш барои муқобила бо садҳо танки русии эъзом шуда ба хоки Укроин, дасти кам ба 300 танк ниёз дорад то битавонад нерӯҳои русиро ақиб биронад.
Акнун агар ниме аз кишварҳои аврупоӣ ҳомии Укроин ва дорои танки Леопард ҳар кадом фақат 14 танк (теъдоди маъмули як гурӯҳони танк) ба Укроин бифиристанд он вақт ин кишвар ҳудуди 100 танк хоҳад дошт. Ин илова бар даҳҳо танке аст, ки акнун гузориш мешавад Амрико дар ихтиёри Киев мегузорад.
Коршиносони ҷангӣ танкҳои “Леопард 2”-и Олмон, “Челинҷер-2”-и Биритониё ва танки “Абрамз”-и Амеркоро ҷузъи танкҳои арзёбӣ мекунанд, ки бартариҳои амалиётӣ нисбат ба тонк Т-72-и Русия доранд.
Ин танкҳо метавонанд ба неруҳои укроинӣ дасти болоро дар суръат, диққат ва ҳамчунин эминӣ бидиҳанд.
Риши Сунок, нахуствазири Биритониё, рӯзи 15 январ эълом кард, ки танкҳои “Челинҷер 2”-ро ба Укроин мефиристад то мавзеъи ин кишварро дар ҷанг бо Русия тақвият кунад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

