Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет24% мансабдорон ва кормандони идории Узбекистон ихтисор мешаванд

24% мансабдорон ва кормандони идории Узбекистон ихтисор мешаванд

Бар асоси фармони раисҷумҳури Узбекистон, ки рӯзи 25 январ ба имзо расид, дар вазорату идораҳои ин кишвар дар маҷмӯъ 17 ҳазору 447 адад ҳайати роҳбарикунанда ва дигар кормандон ихтисор карда мешаванд.

Ин 24 фоизи шумораи умумии коркуноне мебошад, ки дар вазорату идораҳо аз ҳисоби фондҳои бюджетӣ ва ғайрибуҷетӣ маош мегиранд.

Мувофиқи фармон шумораи муовинони роҳбарони вазорату идораҳо аз 207 нафар ба 144 нафар, ё худ 30 фоиз кам карда мешавад. 703 машина ва 10 бино озод карда мешавад.

Дар шарҳи қатънома гуфта мешавад, ки аз ҳисоби ихтисори шумори кормандон дар буҷа 1,5 триллион сӯм муодили 133 миллиону 400ҳазор доллар ва аз ҳисоби коҳиши воситаҳои нақлиёт 70 миллиард сӯм баробари 6 миллион доллар сарфа мешавад.

Шумораи умумии коркунони вазорату идораҳо 56 ҳазору 573 нафар муқаррар карда шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular