Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЯк тоҷик дар садамае дар Саратов кушта шуд

Як тоҷик дар садамае дар Саратов кушта шуд

Як сокини Тоҷикистон шаби 27 январ дар вилояти Саратов ба таври фоҷеабор ба ҳалокат расид. 

Олег Костин, вазири беҳдошти ин минтақа дар шабакаи , дар ин бора хабар дода навишт, ки дар ноҳияи Ершов садама рух дода, бар асари он се нафар захмӣ шудаанд.

Бино ба иттилои Бозрасии давлатиии автомобилӣ, соати 15:00 дар наздикии деҳаи Нав дар шоҳроҳи Ершов-Озинки як мошин ба ҷӯйборе сарозер шудааст.

Дар натиҷа як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Як тоҷикистонии дигар, ки 22-сола доштааст захмӣ шудааст. Ҳамчунин сокини 19-солаи ноҳияи Ершов захмӣ шуда ба бемористон интиқол ёфтааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular