Sunday, June 1, 2025
ads
HomeХабарҳоҚурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дигарбора президент шуд

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дигарбора президент шуд

Раисҷумҳури феълии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар интихоботи президентии ин кишвар, ки дирӯз санаи 12 уми феврал баргузор шуд бо гирифтани 97.69 фоиз орои мардум барандаи интихобот  ва дигарбора раиси ҷумҳур интихоб шудааст.

Мувофиқи қонунгузории Туркманистон чанд бор такроран як нафар ба курсии президентӣ интихоб шуданаш муаян карда нашудааст ва номаҳдуд мебошад.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз соли 2006 баъди вафоти Сафармурод Ниёзов раисҷумҳури ин кишвар мебошад. Сафармурод Ниёзов, худ аз соли 1990 то замони маргаш, раисҷумҳури ин кишвар буд.

Созмонҳои ҳуқуқӣ ва нозирони байналмилалӣ ҳеҷ як аз интихоботҳои баргузоршуда дар Туркманистонро шаффоф ва демократӣ унвон накардаанд.

Ҳамин тавр дар кишварҳои Осиёи Миёна гуё сандуқҳои интихоботӣ ба сандуқҳои муҷизавӣ табдил шуда ҳатто шахсони вафотёфта арвоҳашон барои иштирок дар интихобот назди сандуқи раъйдиҳӣ меоянд ва нафарони дар сафари хориҷабуда яку якбора бол бароварда маҳз барои раъй додан дар интихобот суи кишварашон парвоз мекунанд. Ҳар як варақи ба дохили сандуқи раъйдиҳӣ афтода ҳамоно ҳомиладор шуда дарҳол то вақти шуморидани бюлетенҳо расидан, сегонику чоргоник таваллуд мекунанд.

Инаст, ки президентони феълии кишварҳои Осиёи Миёна ҳамеша бо орои зиёда аз 90 фоиз барандаи интихобот мешаванд ва то марг ва ё инқилоби мардумӣ онҳоро аз курсии президентӣ ҷудо накунад, аз тахти президентӣ ба ҳеҷ ваҷҳ намефароянд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Туркманистон чаҳорумин кишвар аз назари захираи гази табиӣ дар ҷаҳон аст. Ин кишвар тақрибан ба таври комил ба содироти ин манбаи энержӣ вобаста аст. Шаҳрвандони 5 млн нафараи Туркманистон хеле кам ба муҳоҷирати корӣ ба берун аз кишварашон мераванд. Тараққиёту пешрафти иқтисодиёти кишвар назаррас мебошад.

Аммо бино ба маълумотҳо ба хотири набудани фазои озоди демократӣ, тазйиқу фишори мақомдорон болои мардуми оддӣ, руз ба руз, беш аз пеш сафи мардуми норизо аз сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро зиёд мегардонад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика