Бонки марказии Эрон аз пайваст шудани сомонаҳои паёмрасони бонкҳои Эрон ва Русия хабар дод. Ҳудуди 700 бонки русӣ метавонанд бо бонкҳои Эрон додугирифти молӣ дошта бошанд. Ин иқдом дар ростои давр задани сомонаи байналмилалии SWIFT сурат гирифтааст.
Дар ҳоле, ки Теҳрон ва Маскав таҳти шадидтарин таҳримҳои Ғарб ҳастанд, Эрон ва Русия сомонаҳои иртиботии байнибонкӣ ва нақлу интиқолоти худро барои кумак ба тақвияти тиҷорат ва додугирифтҳои молӣ ба ҳам пайваст кардаанд.
Муҳсин Каримӣ, муовини байналмилали Бонки Марказӣ рӯзи душанбе 30 январ ба хабаргузории Форс гуфт, бо пайвастани сомонаҳои паёмрасони миллии бонкҳои Эрон ва Русия, 700 бонки русӣ метавонанд бо бонкҳои эронӣ табодули паёми молӣ дошта бошанд, ҳамчунин 106 бонки ғайри русӣ аз 13 кишвари дигар ҳам ба ин сомонаи паёмрасон пайваст шудаанд ва метавонанд бо бонкҳои кишвар табодулоти молӣ дошта бошанд.
Маълум нест оё байни ин 106 бонки ёдшуда бонкҳои Тоҷикистон ҳам ҳастанд ё на. Ду соли охир муносиботи Тоҷикистону Эрон рӯ ба беҳбудӣ ниҳода ва додугирифти тиҷорӣ низ бо суръат рушд мекунад. Бо дарназардошти ин ва набудани имкони интиқоли пул ба Эрон, имкони зиёд вуҷуд дорад, ки бонкҳои Тоҷикистон низ ба ин системи нав пайваста бошанд.
Аз замони ҷоришавии таҳримҳои нави Амрико алайҳи Эрон дар соли 2018 ва пас аз он ки Вашингтон аз тавофуқи ҳастаии соли 2015-и Теҳрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ хориҷ шуд, Ҷумҳурии Исломӣ аз сомонаи SWIFT ҳазф шуд.
Аз замони ҳамлаи Маскав ба Укроин дар соли гузашта, маҳдудиятҳои мушобеҳе барои бархе бонкҳои Русия ҷорӣ шудааст.
Муҳсин Каримӣ гуфт, ки бонкҳои эронӣ дигар ниёзе ба истифода аз сомонаи байналмилалии SWIFT барои табодули молӣ бо банкҳои русӣ надоранд ва тоҷирон метавонанд аз тариқи шабакаҳои бонкӣ иқдом ба судури замонатнома ва аҳдномаҳои пардохт барои бонкҳои мавриди ҳадафашон кунанд.
Муҳаммад Фарзин, раиси Бонки Марказии Эрон низ бо истиқбол аз ин иқдом дар твитте навишт: “дар чорчӯби санади иқдомоти муштарак байни бонкҳои марказии Эрон ва Русия, илова бар иртиботи мустақим бо бонкҳои русӣ, шабакаи бонкии кишварамон бо 106 бонки хориҷии ғайрирусӣ иртиботи мустақим хоҳад дошт. Канали молии Эрон ва ҷаҳон дар ҳоли тармим аст.”
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

