Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМанъи содироти се намуд сабзавот ва захираҳои «Раҷаби тушка»

Манъи содироти се намуд сабзавот ва захираҳои «Раҷаби тушка»

Содироти пиёзу картошка ва сабзӣ бо бо қарори ҳукумтаи Тоҷикистон манъ шудааст. Гуфта мешавад ин тасмим дар паи афзоиши нархи маҳсулоти кишоварзӣ гирифта шудааст ва мақомот мегӯянд то замоне, ки бозор муътадил гардад идома хоҳад кард.  Ба гуфтаи Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон, ки рӯзи 30 январ нишасти хабариаш баргузор шуд, дастур аз ҷониби расиҷумҳур як ҳафта пеш содир шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамин як ҳафта пеш раисҷумҳур дар маҷлиси ҳукумат супориш дода буд содироти маҳсулоти кишоварзӣ бештар карда шавад. 

Қимати ин намуд маҳсулот дар бозорҳои кишвар боло рафта ва ҳар кило пиёз 8-9 сомонӣ, картошка 4-5 сомонӣ, сабзӣ аз 4 то 6 арзиш дорад. 

Ҳакисзода бо тасдиқи афзоиши қиматҳо иддао кард ин амр танҳо хоси Тоҷикистон набуда, дар кишварҳои ҳамҷавори Осиёи Марказӣ ва Покистону Афғонистон низ қимати онҳо, бахусус пиёз боло рафтааст.  Ӯ гуфт «вақте дар моҳи декабр пиёзро ба Афғонистон содирот кардем, таъсираш якбора ба нарху наво расид».

Манъи содироти ин намуди маҳсулот дар ҳолест, ки мақомоти Суғд иддао кардаанд дар анбору сардхонаҳои ин вилоят 135 ҳазору 375 тонна картошка, 21 ҳазору 760 тонна пиёз, 6 ҳазору 739 тонна сабзӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ захира карда шудааст ва дар ҳолати афзоиши талабот маҳсулоти захирашуда ба фурӯш бароварда мешавад. 

Албатта мақомоти кишвар дар дасткории омору дурӯғҳои осмонӣ устухон надоранд ва ҳамеша дурӯғҳояшон алайҳи якдигар ва худи мақомот кор мекунанд. Барои мисол ҳаҷми истеъмоли воқеии картошка барои як шахс дар Тоҷикистон дар як сол 130 кг аст. Ва он 135 ҳазору 375 тонна картошкаи захирашудаи Суғд барои 2,5 миллион аҳолии он беш аз 5 моҳ кофист.

Агар мақомот рост гуфтаанд, пас барои он ки захираҳо пӯсида нараванд, аз худи имрӯз дар тамоми бозорҳои вилоят бояд танҳо картошкаи захиракардаи Раҷаббой Аҳмадзода, ки бинобар асосгузори иди картошка буданаш “Раҷаби тушка” ҳам лақаб гирифтааст, фурӯхта шаванд. Ҳатто дар ҳамин ҳолат ҳам он захира тамом намешавад, чун то ҳосили нав 4-5 моҳ мондааст. 

Дар сурати дар назар гирифтани захираи деҳқонону тоҷирон, танҳо захираҳои вилояти Суғд метавонад кулли кишварро то ҳосили нав расонад.

Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон нақшаи истеҳсоли пиёз 727 ҳазор тонна пешбинӣ шуда буд, вале 672 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шуд. Беш аз се дарсади ин ҳосил дар анборҳои Раҷаббой Аҳмадзода захира шудаанд. Агар вазъи захира дар тамоми кишвар чунин аст, пас танҳо ҳамин захираҳо, бе дарназардошти захираҳои деҳқонону соҳибкорон, то ҳосили нав бидуни манъи содирот ҳам кофист.

Пас, захираҳо дурӯғанд ё манъи содирот?

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular