Thursday, March 19, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСоли гузашта Русия ба 700 ҳазор хориҷӣ шаҳрвандӣ додааст

Соли гузашта Русия ба 700 ҳазор хориҷӣ шаҳрвандӣ додааст

Шаҳрвандони хориҷӣ аз моҳи январ то декабри соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 камтар шаҳрвандии Русияро қабул намуданд

Дар соли 2022 дар Русия ҳудуди 700 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд. 

Тавре Вазорати умури дохилии Русия иттилоъ додааст, «дар моҳҳои январ-декабри соли 2022 нисбати 691 ҳазору 45 нафар қарор дар бораи гирифтани шаҳрвандии Русия қабул шудааст».

Ин омор нисбат ба соли 2021ум 44 ҳазор нафар камтар аст.

Илова бар ин, тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар соли 2022 вазорат вуруди беш аз 141 ҳазор шаҳрвандони хориҷиро ба Русия манъ кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 қариб 35 ҳазор нафар камтар аст.

Ҳамзамон 40 шаҳрванди Русия дар дохили кишвар аз шаҳрвандии худ даст кашиданд.

Ҳамин тариқ, дар ду соли охир 170 ҳазор аз кишварҳои ҳамсоя бо тартиби соддашудаи кучидан шаҳрванди Русия шуданд.

Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия қайд кард, ки аксари онҳо сокинони Беларус, Қазоқистон, Молдова ва Украина мебошанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular