Нерӯҳои амниятии ҷумҳурии Озарбойҷон амалиёти густурдаеро алайҳи ашхос, гурӯҳҳо ва расонаҳои муртабит бо Эрон оғоз карданд.
Нерӯҳои амниятии ҷумҳурии Озарбойҷон аз субҳи имрӯз сешанбе 31 январи амалиёти густурдаеро оғоз карда ва онро алайҳи “шабакаи ҷосусӣ”-и Эрон гуфтаанд.
Хабаргузории Анатолуи Туркия бар асоси иттилооте, ки аз Вазорати дохилии ҷумҳурии Озарбойҷон гирифтааст, менависад ин амалиёти густурда дар Боку ва дигар шаҳрҳои ин кишвар идома дорад.
Пулиси Озарбойҷон дар чорчуби амалиёт фавқуззикр марокизи шабакаи телевизионии “InterAz” ва хабаргузории “Салом-нюз” марбут бо Эронро низ бозрасӣ кардааст.
Манобеъи расона аз Вазорати дохилии ҷумҳурии Озарбойҷон гуфтаанд, ки то кунун ҳафт нафар тайи амалиёти пулис боздошт ва таҳвили додгоҳ шудаанд.
Гуфтанист, вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон низ субҳи дирӯз бо интишори иттилоияе барои шаҳрвандони худ нисбат ба мусофират ба Эрон “ҳушдори сафар” содир кард.
Дар ин иттилоия бо ишора ба ин ки дар пайи ҳамлаи мусаллаҳона ба сафорати Озарбойҷон дар Теҳрон дар рӯзи ҷумъа 27 январи ҷорӣ раиси тими амниятии сафорат кушта ва ду тани дигар низ захмӣ шуданд, аз шаҳрвандони озарбойҷонӣ хоста шуда дар сурати набудани ниёз аз сафар ба Эрон худдорӣ кунанд.
Мақомоти ҷумҳурии Озарбойҷон, моҳияти ҳамлаи мусаллаҳонаи рӯзи ҷумъаи гузашта ба сафорати ин кишвар дар Теҳронро “террористӣ” унвон кардаанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

